Ҳукумати Тоҷикистон барои кам кардани таъсири паҳншавии бемории COVID-19 ба иқтисоди кишвар ба чанд соҳа ва соҳибкорон сабукӣ додааст.
Ҳарчанд мақомоти расмии Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки табобати гирифторони коронавирус бепул ё ройгон аст, бисёре аз беморон мегӯянд, аз ҳисоби худ табобат мешаванд.
Ҳудуди 50 бемори Маркази равонпизишкии вилояти Суғд, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, ба коронавируси нав мубтало шудаанд. Равуо ба дохили шифохона зери назорати шадид аст ва маълум нест чӣ гуна бемории ҳамагир ба бошандагони он сироят кардааст.
Коршиносони умури муҳоҷират мегӯянд, дар шароити пандемияи коронавируси нав бо падидаи нави "муҳоҷирони дармонда ё бандмонда" (stranded migrants) рӯбарӯ шудаанд. Бар асоси арзёбиҳои тахминии Хадамоти муҳоҷирати Қазоқистон, танҳо дар ин кишвар тахминан 10 ҳазор нафар дар чунин ҳолат қарор доранд.
Шаҳрдории Душанбе барои бардоштани маҳдудиятҳо ба хотири пешгирӣ аз бемории COVID-19 саросема нест ва то ним моҳи дигар дари бозорҳои либосу кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаву нуқтаҳои тиҷорати телефонро баст.
Бархе аз тоҷирони тоҷик дар шароити фаъол набудани бозорҳои либосфурӯшӣ ва паҳншавии бемории COVID-19 тиҷорати худро аз тариқи интернет ба роҳ мондаанд.
Дар шаҳри Кӯлоб, ки то ҳафтаи гузашта имкони ташхиси коронавируси навро надошт, ҳоло чаҳор нафар рӯзона то 12 соат машғули озмоиши луобу моеъоти бемороне, ҳастанд, ки аломатҳои бемории СОVID-19-ро доранд.
Осори ҷисмии коронавирус Ковид-19 тез мегузарад, вале асари равониву руҳии он дар хотираи майна дер боз боқӣ мемонад.
Ёфтҳои бештар