Баъди бештар аз ду моҳи танаффус осоишгоҳҳои табобатӣ ва фароғатии Тоҷикистон дубора ба қабули мизоҷон оғоз карданд. Сокинон аз эҳтимоли паҳншавии беморӣ нигаронанд, вале масъулони осоишгоҳҳо гуфтанд, ки риояи қоидаҳои беҳдоштӣ сахттар шудааст ва ҷое барои ташвиш нест.
COVID-19 як воқеияти дигари мансабдорон, хоса онҳоеро, ки дарозмуддат дар қудрат буданд, ошкор кард. Онҳое, ки бо мардум қаробат доштанд, наздиктар шуданд.
Раҳбари бахши аврупоии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфт, буҳрони коронавирус дар ҷаҳон ҳанӯз паси сар нашудааст.
Раиси собиқи шаҳри Кӯлоб, ки рӯзи 8-уми июн аз сӯйи нирӯҳои амниятӣ дастгир шуд, дар бемористони касалиҳои сироятии Кӯлоб аз коронавируси нав муолиҷа мегирад. Мақомот ва пайвандони Баҳром Иноятзода рӯзи 16-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ хабарро тасдиқ карданд.
Дар Тоҷикистон барои надоштани ниқоби тиббӣ, паҳн кардани бемориҳои хавфноки сироятӣ ва нашри ахбори носаҳеҳ дар бораи коронавируси нав ҷазову ҷарима таъин карданд.
Тағйироти тоза ба қонун, ки ҷазо “барои пахши ахбори ғалат” дар бораи пандемияро пешбинӣ мекунад аз сӯи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба вокунишҳои тунд ру ба ру шуд.
Ёфтҳои бештар