Мақомоти расмии Тоҷикистон борҳо гуфтаанд, ки табобати гирифторони коронавируси нав бепул ё ройгон аст. Чанде аз роҳгузарон дар Душанбе ба пурсиши сарироҳии хабарнигори Радиои Озодӣ ҷавоб доданд, ки наздиконашонро бо пули худ муолиҷа карданд. Иддае гуфтанд, табобат пурра бепул буд.