Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки дар ҳашт моҳи гузашта 90 нафар аз бемории COVID-19 ҷон бохтаанд.
Дар Тоҷикистон мақомот ҳафтаҳо вуҷуди коронавирусро дар кишвар рад карда, ниҳоят, дар остонаи сафари мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, 30-юми апрел, аз нахустин ҳодисаҳои гирифтории сокинон ба коронавирус гузориши расмӣ нашр карданд.
Шумори расмии гирифторони бемории коронавирус дар Тоҷикистон рӯзи 22-юми декабр ба 13 ҳазору 34 кас расид. Намояндагони Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, дар шабонарӯзи охир 36 мавриди навро ошкор карданд.
Дар Бритониё намуди нави коронавирусро ошкор кардаанд, ки аллакай ба беш аз 1100 нафар сироят кардааст. Бисёре аз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо фавран ҳамаи парвозҳо аз Бритониёро лағв карданд.
Ҳю Филпотт, сафири Бритониё дар Туркманистон гуфт, ӯ бояд аз коронавируси нав табобат бигирад. Ин дар ҳолест, ки мақомоти туркман иддао доранд, дар он кишвар то ҳол ягон ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус ошкор нашудааст.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 16-уми декабр эълон кард, ки як тим ё гуруҳи коршиносони байналмилалиро моҳи оянда ба шаҳри Вуҳани Чин мефиристад, то асли пайдо шудани коронавируси навро таҳқиқ кунанд.
IDEA, пажӯҳишгоҳе дар Стокҳолм, Тоҷикистонро ба гурӯҳи кишварҳое дохил кард, ки дар давраи пандемия маҳдудият ва ҷазоҳои нав ҷорӣ карданд. Гузориш ҳафтаи гузашта нашр шуд.
Як созмони маҳаллӣ дар вилояти Суғд мегӯяд, занон дар давраи маҳдудиятҳо ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус бештар азият шудаанд.
Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ё ЮНИСЕФ дар гузориши нави худ оқибати манфии сирояти КОВИД‑19 ба сиҳати кӯдаконро тасвир кардааст.
Бритониё кишвари аввалине шуд, ки барои истифода аз ваксинаи зидди коронавирус иҷозат дод.
Сабти беморони коронавируси нав дар рӯзи 2-юми декабр дар Амрико бесобиқа буд ва ин кори маъмурони шифохонаву кормандони тибро бештар кард.
Ёфтҳои бештар