Нархи баъзе аз маҳсулот, ки ба бовари мардум гӯё барои пешгирӣ аз сирояти бемории COVID-19 мусоидат мекунад, ба таври бесобиқа дар бозорҳои Тоҷикистон боло рафтааст.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, дар чаҳорчӯби омодагии кишвар ба муқобила бо вируси ҳамагири КОВИД-19 ба аҳолии камбизоат ва маъюбон се миллион доллар кумак карда хоҳад шуд.
Табибону парасторон, ки гирифторони бемории КОВИД-19-ро муолиҷа мекунанд, худро бо дастпӯш, ниқоб ва либоси тиббӣ аз вирус эмин медоранд. Аммо норасоии ин лавозимот ҷони онҳоро дар хатари бештар андохтааст.
Бо афзоиши нигарониҳо аз эҳтимоли сирояти коронавирус дар Тоҷикистон, баъзе аз ширкату муассисаҳои хусусӣ ба тақсими ройгони ниқобҳои тиббӣ шурӯъ кардаанд.
Пас аз фавтидани як марди 60-сола дар Бемористони марказии ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов ва бо нишонаҳои эҳтимолии коронавирус бистарӣ шудани 11 табибу парасторе, ки ӯро муолиҷа мекарданд, ин бемористон таҳти карантини пурра қарор гирифт.
раиси ҷумҳур Доналд Трамп гуфт, мумкин аст, беморӣ сабаби маргу мири зиёд шавад.
Тоҷикистон бар иловаи он ки бо созмонҳои байналмилалии молӣ дар бораи дастрас кардани кумакҳо барои муқобила бо паёмадҳои коронавирус музокирот дорад, бо кушодани чанд ҳисоби бонкӣ аз соҳибкорону афроди алоҳида, бунёдҳои хайрия ва кишварҳои дӯст низ хостори ёриҳои башардӯстона шуд.
Рӯзи 3 апрел аввалин бор президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов расман калимаи "коронавирус"-ро ба забон овард, дар ҳоле ду рӯз пеш аз ин мақомоти туркман истифодаи ин калимаро дар матбуот ва гуфтугӯ манъ карда буданд.
Тибқи гузоришҳо, шумораи гирифторон ба коронавирус дар ҷаҳон ба беш аз 1 миллион нафар расида, шумораи қурбониён аз 53 ҳазор нафар гузаштааст.
Радиои Озодӣ талош кард, назари коршиносонро бипурсад, ки Тоҷикистон дар баробари вирус чӣ бартариҳое дорад? Ва оё кишвар ҳамагириро пушти сар кард ё ҳанӯз хулоса кардан барвақт аст?
Ёфтҳои бештар