Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи кумаки фаврӣ ба Тоҷикистон барои мубориза бо бемории COVID-19 сенарияи эҳтимолии густариши вирус ва шумораи тахминии беморон ва қурбониёнро муайян кард. Ҳукумати Тоҷикистон 30-юми апрел гуфт, ки 15 нафар ба коронавирус сироят шуданд, вале ҷузъиёт надод.
Ба андешаи ман, агар ҳамин сол нақшаи ҷашнҳои пуршукӯҳ дар кишвар бекор мегардид, иттилоот пинҳон дошта намешуд ва мардум таҳти ҳимоят қарор мегирифт, Тоҷикистон имкон дошт, ки дар мубориза бо COVID-19 то имрӯз пирӯзиашро эълон кунад.
Рӯзномаи "Вашингтон пост" рӯзи панҷшанбеи 30-юми апрел ба нақл аз мақомҳои амрикоӣ гузориш дод, ки ҳукумати Доналд Трамп дар ҳоли баррасии роҳҳое барои муҷозоти Чин бинобар шеваҳои муборизаи ин кишвар бо паҳншавии коронавирус аст.
Пизишки маркази ташхис ва табобати "Шифо" дар шаҳри Душанбе, Муқаддас Умарова, барои пешгирӣ аз шиддат ёфтани буҳрони коронавирус дар кишвар ба ҳукумати Тоҷикистон бо чанд пешниҳод муроҷиат кард.
Баъд аз баҳсҳои зиёд дар бораи будан ва ё набудани коронавируси нав дар Тоҷикистон, мақомот рӯзи 30-юми апрел мавҷудияти вирус дар кишварро расман эълон карданд.
Як бахши шифохонаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе, ба гуфтаи мақомот, аз беморони илтиҳоби шуш пур шудааст. Дар паси дари бахши 5-уми бемористон навиштаанд, ки "Беморхона муваққатан бемор қабул намекунад".
Ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки дар кишвар 15 мавриди сирояти бемории КОВИД-19-ро сабт кардааст. Хабарро дар ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо беморӣ имрӯз дар Душанбе эълон карданд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба хабарнигорон ҳушдор дод, ки барои паҳн кардани "маълумоти носанҷида дар бораи сирояти коронавирус" онҳоро ба дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ месупорад.
Ёфтҳои бештар