Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 5-уми май фармон додааст, ки Насим Олимзода, вазири тандурустӣ аз мақомаш озод карда шавад. Дар ин фармон гуфта шудааст, сабаби озод кардани ӯ ба мақоми дигар гузаштанаш аст
Аз сафари ҳайати коршиносони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) ба Тоҷикистон чаҳор рӯз гузашт. Ин ҳайат, ки аз шоми 1-уми май дар Душанбе қарор дорад, бо вазъи беҳдоштии кишвар дар шароити пандемияи коронавирус аз наздик ошно мешавад.
Бо гузашти панҷ рӯз аз эълони аввалин мавридҳои сирояти коронавируси нав дар Тоҷикистон нархи баъзе аз доруҳо ба таври чашмгир боло рафтааст.
Пайдо шудани коронавирус, бо суръати баланд паҳн шудани он дар саросари олам сабаб гашт, ки як силсила калима ва истилоҳот ҳарчӣ бештар дар забони расонаҳо ва мардум садо диҳанд. Бархе аз онҳо нав, аммо бархи дигар барои пизишкону парасторон ошноянд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки рӯзи 4-уми май шумори гирифторони коронавирус дар кишвар ба 230 кас расид. То ин дам се нафар аз бемории ҳамагир фавтидаанд.
Баъд аз эътирофи мавҷудияти COVID-19 дар Тоҷикистон, бархе аз пизишкону хабарнигорон барои муборизаи ҷиддӣ бо ин бемории ҳамагир ва сабукӣ додан ба мардуму соҳибкорон дар шароити коронавирус пешниҳодҳои худро ироа карданд.
Дар Украина шумори мубталоёни COVID-19 ба тақрибан 12 ҳазор нафар расидааст. Беш аз якуним ҳазор кас аз ин бемории ҳамагир шифо ёфта, ҳудуди сесад нафар ҷон бохтаанд. Бист дарсади сироятшудагон дар ин кишвар пизишкон ҳастанд. Онҳо ба гурӯҳи осебпазир шомиланд.
"Маҳлулҳои беҳдоштӣ намерасад, либосҳои муҳофизатӣ, ниқобҳои тиббӣ ва дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ кам аст." Бархе аз пизишкону сокинон вазъи бемористонҳоро дар минтақаҳои кишвар дар шароити муқобила бо коронавирус ва афзоиши теъдоди беморони илтиҳоби шуш чунин тасвир карданд.
Ёфтҳои бештар