Пизишкони узбекистонӣ, ки барои кумак ба муқобила бо COVID-19 ба Тоҷикистон омадаанд, мегӯянд, бояд дар шабонарӯз дастикам аз 3 то 4 ҳазор нафарро аз ташхиси коронавирус гузаронд.
Ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ки бештар аз 10 рӯз вазъи густариши бемории COVID-19 ва маргумир аз ин беморӣ дар Тоҷикистонро арзёбӣ мекард, гуфт, суръати густариши беморӣ нигаронкунанда аст.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки дар шабонарӯзи гузашта 68 каси дигар ба коронавирус мубтало шудаанд. Бо ин ҳисоб шумори умумии гирифторон ба 729 нафар расид. То ин дам 23 кас аз ин беморӣ ҷон бохтаанд.
Як амалиёти хурди маъмурони милиса дар пойтахти Тоҷикистон нишон додааст, ки ҳанӯз бахше аз аҳолӣ дар кӯчаву хиёбонҳо бе ниқоби тиббӣ мегарданд.
Пойгоҳи интернетие, ки рӯйхати алтернативии қурбониёни бемории COVID-19-ро дар Тоҷикистон нашр мекард, рӯзи 11-уми май дастнорас шуд.
Мақомоти Тоҷикистон баъд аз як рӯзи танаффус омори нави гирифторон ва фавтидагон аз бемории ҳамагири COVID-19-ро эълон карданд.
Бархе аз онҳoе, ки дар худ нишонаҳои бемории COVID-19-ро дошта, дар хона табобат гирифтаанд, мегӯянд, барои пирӯз шудан ба ин вирус пеш аз ҳама тарсро аз сар дур кард ва ҷиддан аз пайи муолиҷа шуд.
Бори аввал аз замони хатми Ҷанги дуввуми ҷаҳон имсол дар аксар кишварҳои собиқ Шӯравӣ ҷашнҳои пуриздиҳоми Рӯзи Ғалаба баргузор нагардид. Ҳарчанд бархе кишварҳо сарфи аз назар аз паҳншавии вируси нави корона рӯзи 9 май гузашти низомӣ баргузор карданд.
Дар ҳоле ки сокинони Тоҷикистон бо бемории COVID-19 даст ба гиребон ҳастанд, мақомоти баландпояи кишвар маъракаи ҷамъоварии маблағ ба Сандуқи мубориза бо ин бемориро рӯйи даст гирифтаанд.
Иҷлосияи Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумон, ки ҳар ҳафта маъмулан рӯзҳои чаҳоршанбе баргузор мешавад, ин дафъа доир нагардид.
Ёфтҳои бештар