Дар рӯзи аввали кори Маҷмааи умумии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ интиқодҳо аз амалкарди созмон дар баробари паҳншавии коронавируси нав зиёд шуд.
Фарҳоди Дарё, овозхони маъруфи афғон, муаллифи таронаи нахустин дар бораи коронавируси нав ба забони порсӣ аст. Вай ин таронаро охири моҳи март, дар ҳоле ки мисли сокинони дигари Амрико хонанишинӣ мекард, эҷод намуд.
Нашрияи электронии Pamir Daily News рӯзи 18 май нақли як сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)-ро дар бораи вазъи бемористони марказии ин вилоят мунташир намуд.
Танаффус дар мусобиқаҳои футбол дар Тоҷикистон дастаҳоро дар ҳолати ногувор қарор додааст. Ҳоло бозиҳои қаҳрамонии кишвар баргузор намешаванд, мухлисон ба варзишгоҳҳо намеоянд ва шабакаҳои телевизионӣ рақобаташонро нишон намедиҳанд.
Бино ба иттилои расмӣ то рӯзи 18-уми май шумори гирифторон ба коронавирус дар Тоҷикистон ба 1729 нафар расидааст. Вазорати тандурустӣ эълон кард, ки дар шабонарӯзи гузашта 205 нафари дигар ба бемории COVID-19 мубтало шуда, ду нафар аз он ҷон бохтаанд.
Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, эълон кард, ки имсол намози Иди Фитр баргузор намешавад.
Дар охири моҳи апрел, хабарнигори бахши русии Радиои Озодӣ Любов Чижова бистарӣ шуд. Табларза ва дигар нишонаҳои COVID-19-ро дошт. Ба воҳима афтод ва хатари маргро эҳсос кард. Аммо мубориза бурд ва шифо ёфт. Ӯ хотираҳояшро ин ҷо ҳикоят мекунад.
То мақомот фикр карданд, ки мардум даст ба кор шуданд.Оё мақомот ҷомеаи шаҳрвандиро қадр мекунанд?
Бо тарғиби густурдаи “кӯмакҳои башарӣ”-и раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва атрофиёни ӯ ба шифохонаҳои номуҷаҳҳаз ва мардуми гирифтори COVID-19, мунтақидон ва мухолифон ҳукуматро муттаҳам кардаанд, ки “мусибат”-ро барои ба даст овардани имтиёзҳои сиёсӣ истифода мебарад.
Вазорати тандурустӣ эълон кард, ки дар як шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 204 нафари дигарро бо аломатҳои бемории СОVID-19-ро сабт кардааст.
Ёфтҳои бештар