Мақомоти расмии Тоҷикистон борҳо гуфтаанд, ки табобати гирифторони коронавируси нав бепул ё ройгон аст. Чанде аз роҳгузарон дар Душанбе ба пурсиши сарироҳии хабарнигори Радиои Озодӣ ҷавоб доданд, ки наздиконашонро бо пули худ муолиҷа карданд. Иддае гуфтанд, табобат пурра бепул буд.
Ба зидди бемории COVID-19 ҳанӯз ваксина сохта нашудааст, аммо пажӯҳишҳо муайян кардаанд, ки доруи Remdesivir (Ремдесивир) барои муолиҷаи беморони вазнин мадад мекунад.
Бисёре аз мусалмонон дар Осиёи Миёна барои солҳои зиёд пул ҷамъ карда, мунтазири навбати худ мемонанд, то маросими ҳаҷро, ки ба ҳар мусалмони тавоно дар зиндагӣ як дафъа фарз аст, анҷом диҳанд.
Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида аз талошҳои давлати Тоҷикистон барои муқобила бо бемории COVID-19 ва ёрӣ ба муҳоҷирони ниёзманд дар давраи пандемия пуштибонӣ мекунад. Амрико то 25-уми июни имсол ба Тоҷикистон беш аз 5 миллион доллар додааст.
Тағйироти нав ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон рӯзи 7-уми июл дар "Ҷумҳурият", нашрияи расмии ҳукумат, нашр шуд ва ба иҷро даромад.
COVID-19 барои ҳамаи кишварҳо озмоиши бузурге шуд, ки тарафҳои қавӣ ва сусти онҳоро нишон дод. Ҳар давлат талошҳои худро кард. Аммо натиҷаҳо чӣ гунаанд? Радиои Озодӣ тасмим гирифт, ки ба вокуниши онҳо аз оғоз то ҳоло нигоҳе афканад.
Ёфтҳои бештар