Вазорат хабар дод, бештар аз 9600 нафар шифо ёфтаанд ва талафот аз беморӣ дар кишвар 80 нафарро ташкил медиҳад.
Бахши сайёҳии Тоҷикистон, ки солҳои ахир мақомот бештар аз рушди он суҳбат мекарданд ва ба ояндаи хуби он умед доштанд, дар давраи пандемия зарбаи сахт дидааст.
Дар сурати риоя накардани фосилаи ҷисмонӣ, ки ба он фосилаи иҷтимоӣ ҳам мегӯянд, як шахси бемор метавонад, вирусро ба ҳисоби миёна ба 2.5 кас гузаронад. Ҳар кадоме аз онҳо дар навбати худ 2.5-нафарии дигарро гирифтор мекунанд. Дар натиҷа, дар як моҳ 406 нафар ба вируси нав мубтало мешаванд.
Мақомоти беҳдошти Тоҷикистон мегӯянд, ба ҳисоби миёна ҳар рӯз дар Тоҷикистон кам ё беш аз 40 нафар ба COVID-19 гирифтор мешаванд ва аз 30-юми апрел то 17-уми октябр шумори фавтидаҳо 80 нафарро ташкил додааст.
Дар ҳоле ки омори рӯзонаи гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон бетағйир аст, баъзе аз мутахассисони соҳаи тиб аз афзоиши дубораи беморон хабар медиҳанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ дар ду ҳафтаи ахир пиромуни фавти чандин нафар аз коронавирус ва "илтиҳоби шуш" гузориш шудааст.
Як донишҷӯйи Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон гуфт, ҳар сол бояд тақрибан 7 ҳазор сомонӣ ҳаққи таҳсилро супорад, вале имсол натавонист, чун ба далели пандемия падараш ба Русия нарафт ва дар дохили кишвар ҳам кор надорад.
Дар Русия барои муолиҷаи бемории коронавируси нав се навъи доруро ба фурӯш гузоштаанд. Мутахассисони рус иддао доранд, ки "Арепливир", "Коронавир" ва "Авифавир" ба табобати гирифторони вирус ёрӣ мекунанд, вале пизишкони дигар мегӯянд, ки баъзе аз доруҳо аз санҷиш нагузаштаанд.
Ёфтҳои бештар