29 сол пеш дар ҳамин рӯз раҳбарони ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин зери санаде имзо гузошта, ба ҷанги панҷсола дар кишвар поён доданд. Ба ин далел ҳамасола 27-уми июнро дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил мекунанд, аммо оё тарафҳо аз ҳамдигар розиянд?
Пас аз қабули қонуни афв, ки 16-уми июн пазируфта шуд, саволи асосӣ ин аст, ки гуноҳи чӣ касоне бахшида мешавад? Маҳкумшудагоне, ки афв намешаванд чанд сол аз ҳукми зиндонашон кам мешавад?
Хадамоти марзбонии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико як зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми муҳоҷирати ғайриқонунӣ боздошт кардааст.
Кори намояндагии як бонки Эрон дар Тоҷикистон камранг шуда, дороӣ ва амонати мардум дар он ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Радиои Озодӣ рӯзи 24-уми июн бо гузориш ё ҳисоботи Бонки "Тиҷорат" барои моҳҳои январу феврал ва марти имсол шинос шуд.
Бақо Содиқов, филмбардори маъруфи тоҷик ва муаллифи "Адонис XIV" ва "Гирдбод", рӯзи 25-уми июн дар 85-солагӣ дар Олмон даргузашт. Вай сӣ сол пеш аз Тоҷикистон ба Самарқанд кӯчида, дертар ба шаҳри Тошканд рафт ва се соли охир ҳамроҳи ҳамсар ва ду фарзандаш дар Аврупо мезист.
Ёфтҳои бештар