Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) гузариши футболбозон ба дастаи “Равшан”-и Кӯлобро ба муҳлати се марҳила ё равзанаи тарансферӣ манъ кард. Дар ин бора сомонаи ФИФА хабар додааст. Намояндагони тими “Равшан” қарорро ноодилона номиданд.
Бо бекор шудани ҷазои ҷиноӣ барои гузоштани “лайк” дар шабакаҳои иҷтимоӣ, наздикони бархе зиндониён мунтазири озодии азизонашон ҳастанд. Баъди тасвиби ин қонун аз сӯи ду палатаи порлумон, президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам рӯзи 14-уми май зери ин санад имзо гузошт.
Рӯзи 16-уми май аввалин гуруҳи зоирини тоҷик барои адои маносики ҳаҷҷ ба Арабистони Саудӣ сафар карданд. Имсол Арабистон барои Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кардааст. Арзиши хидматрасониҳои сафар ба ҳаҷ дар соли 2025-ум 56 ҳазору 800 сомонӣ муқаррар шудаааст.
Ёфтҳои бештар