Доналд Трамп, президенти ИМА гуфт, ки агар мақомоти Ҷумҳури Исломии Эрон аз сохтани силоҳи ҳастаӣ даст кашанд, “метавонанд занг зананд”, вагарна “ҳеч далеле барои музокирот вуҷуд надорад”.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 26-уми апрел гуфт, шахсе, ки қасд дошт ҳангоми зиёфати солонаи хабарнигорони Кохи Сафед ба мансабдорони баландпоя ҳамла кунад, як "эъломияи зиддимасеҳӣ" ва "нафрату кинаи зиёд дар дил" доштааст.
Дар Тоҷикистон бо вуҷуди баландтар шудани синни издивоҷ, соли гузашта ҳар рӯзе ба ҳисоби миёна даҳ духтари ноболиғ ба шавҳар дода шудааст. Қарори арӯсии духтарони ноболиғро додгоҳҳои Тоҷикистон бо дархости волидони онҳо қонеъ кардаанд.
Дар Эрон рӯзи 25 апрел ҳукми қатли Ирфон Киёнӣ ба иҷро даромад, ки бино ба гузоришҳо дар ҷараёни эътирозҳои зиддиҳукуматии моҳи январ дар шаҳри Исфаҳон боздошт шуда буд.
Парлумони Туркия тарҳи қонунеро қабул кард, ки ба наврасони то 15-сола истифода аз шабакаҳои иҷтимоиро манъ мекунад.
Додгоҳе дар Маскав як мудири меҳмонхонаеро, ки моҳи марти соли 2024 дар он ду маҳкумшуда дар ҳамла ба толори консертии “Крокус” зиста буданд, ба се соли ҳабс маҳкум намуд.
Қирғизистон аз ифтитоҳи бомуваффақияти гузаргоҳи нави нақлиётие дар самти Чину Покистон хабар дод.
Вазири корҳои хориҷии Эрон вориди Исломобод шуд ва фиристодаҳои аршади ИМА ҳам ба Покистон рафтанд. Вашингтон инро даври навбатии музокирот ба хотири хатми ҷанг дар Эрон меномад, вале Теҳрон нақшаи ҳама гуна дидор бо мақомоти расмии амрикоиро рад кардааст.
Ба таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо, ки Русияро барои ҷангаш зидди Украина ҷазо медиҳад, ин навбат ду корхонаи истеҳсолӣ аз Узбекистон ҳам шомил шуданд.
Волии Свердловски Русия Денис Паслер гуфт, субҳи 25-уми апрел бесарнишинҳои украинӣ ба шаҳри Екатеринбург ҳамла карданд, дар натиҷа, як бинои истиқоматии баландошёна осеб дидааст. Паслер гуфт, шаш нафар барои ёрии тиббӣ муроҷиат карданд. Аксари онҳо аз дуди оташ заҳролуд шудаанд.
Ёфтҳои бештар