Рӯзи 12-уми май раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин барои сафари давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими бошукӯҳи шодбош баргузор кард. Сипас ду раҳбар дидори як ба як доштанд ва мулоқоти онҳо бо ширкати ҳайатҳои ду ҷониб идома пайдо кард.
Таҳқиқотро соли 2025 кормандони Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демография анҷом додаанд ва маълум шудааст, ки сабаби аввал омода набудан ба издивоҷ сабаби талоқ аст ва сипас бехонагӣ.
Рӯзи якшанбеи 10-уми май гурӯҳҳои мусофирон ва маллоҳон аз як киштии сайёҳӣ, ки ба хуруҷи ҳантавирус дучор шуда буданд, ба кишварҳои худ интиқол дода шуданд. Ин раванд аз ҷониби масъулони бахши тандурустии ҷаҳонӣ назорат карда мешавад ва интизор меравад, ки то поёни 11 май ин кор ба анҷом мерасад.
Радиои Озодӣ бо матни қонуни нав дар бораи таъмини ҳуқуқи маъюбон ё шахсони имконияти ҷисмониашон маҳдуд шинос шуд. Ин қонун 6-уми май аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон қабул шуд.
Дар мулоқоти вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо фиристодаи вазири корҳои дохилии Олмон оид ба масъалаҳои муҳоҷират Людвиг Юнг дар Душанбе рӯзи 11 май ҳамкориҳо дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ дар соҳаи муҳоҷират баррасӣ шуд.
Дар остонаи сафари президенти Тоҷикистон ба Чин, дар доираи як ҳамоиши ширкатҳои ду кишвар созишномаи ҳамкориҳо дар ҳаҷми 647 миллион доллар ба имзо расидааст.
ВКХ Русия гуфт, соли 2025 ба Русия аз кишварҳои дигар дар маҷмӯъ 27 ҳазор нафар кӯчидааст.
Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфт, мехоҳад «ҳаҷми ёриҳои молии Амрикоро ба сифр баробар кунад».
Як иттиҳоди созмонҳои ҳомии ҳуқуқ бо нашри изҳороте аз афзоиши чораҳои саркӯбкунандаи озодии баён дар кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқод ва аз ҳукуматҳо тақозо кардааст, ки ба ӯҳдадориҳои худ пойбанд бимонанд ва нагузоранд, озодиҳои маданӣ ва дастрасӣ ба иттилооту саркӯби журналистон идома ёбад.
Ёфтҳои бештар