Як муҳоҷири афғонистонӣ, ки аз вилояти Суғд ба Афғонистон ихроҷ шудааст мегӯяд, тамоми сармоя ва тиҷораташ дар Тоҷикистон монд ва онҳоро бозпас гирифта наметавонад.
Дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки 26 май барпо шудааст, чанд санад, аз ҷумла як созишномаи ҳамкорӣ бо ширкати русие имзо шуд, ки чун таъминкунандаи либоси ҳарбӣ барои ҷанги Украина маъруф аст.
Нахустин таваҷҷуҳи яке аз машҳуртарин маҳфилҳои Олмон ба назму насри форсӣ амалан ба ҳамоиши адибони форсизабон дар Берлин табдил ёфт. Ин маҳфил «Паратаксис: забонҳои шаҳр ва фаъолияти адабӣ» ном дорад ва як ҳамоиши эҷодкорони забонҳои ғайриолмонии марбут ба Олмон мебошад.
Президенти Тоҷикистон аз коҳиши ҷиддии истеҳсоли семент дар Тоҷикистон интиқод кардааст.
Муҳокимаи додгоҳии Қамчибек Тошиев, раиси пешини Кумитаи амниятии Қирғизистон бо иттиҳоми талоши табаддулоти давлатӣ, яке аз нишонаҳои таҳаввулоти амиқ дар низоми сиёсии кишвар шудааст.
Радиои Озодӣ барои баррасии арзёбиҳои стратегӣ, фишорҳои сиёсӣ ва воқеиятҳо дар Халиҷи Форс бо Кристофер Ҳензел, сафири пешини Амрико дар Яман ва Арабистони Саудӣ гуфтугӯ кард.
Рӯзи 27-уми май дар Тоҷикистон ва бисёр кишварҳои мусалмонӣ Иди Қурбонро ҷашн гирифтанд. Дар масҷидҳои Тоҷикистон соати 6:00 намози ид хонда шуд.
Анвар Қарқош, мушовири раиси ҷумҳури Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар умури хориҷӣ, мегӯяд, даври дигари даргирӣ миёни Эрон, Амрико ва Исроил «фоҷиабор» хоҳад буд.
Пайвандони як ҷавони бемор, ки бо вуҷуди барои хидмати ҳарбӣ ношоям буданаш ба артиш бурдаанд, гуфтанд, ки пас аз нашри гузориши Радиои Озодӣ фармондеҳонаш ӯро барои муолиҷа ба назди табибон фиристодаанд.
Ёфтҳои бештар