Мансабдорони тоҷик иқрор карданд, ки ҷанги Русия дар Украина, зарбаҳои Амрико ба Эрон ва низои Покистону Афғонистон ба иқтисоди Тоҷикистон зарба мезананд.
Нодида гирифтани нақши рӯ ба афзоиши Чин дар Қирғизистон, торафт душвортар мешавад.
Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигори 43-солаи тоҷик, ки бар асоси қонуни афв аз зиндон раҳо шуд, рӯзи 18-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ният дорад, ки ба соҳибкорӣ машғул шавад. Ӯ дар бораи муносибати зиндонбонҳо, афви хабарнигорони дигар ва дидор бо фарзандон низ сухан гуфт.
Стефан Дюжаррик, сухангӯи Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), эълом кард, ки Гуттереш аз ҳамлаҳо ба зерсохтҳои ғайринизомӣ дар Эрон ва саросари минтақа нигарон аст.
Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ду рӯзноманигори зиндонии тоҷик, рӯзи 18-уми июл бар асоси қонуни афв озод шуданд.
Додгоҳи парвандаҳои ҷиноии Вена тасдиқ кард, ки дархости Тоҷикистон дар бораи истирдоди Шавкати Муҳаммад (Шавкатҷон Шарипов), сухангӯйи Паймони миллӣ, як созмони мухолифи ҳукумат, рӯзи 5-уми август баррасӣ хоҳад шуд.
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳанӯз интихоботҳо баргузор мекунанду номи аҳзоби сиёсиро дар варақаҳои раъйдиҳӣ менависанд. Раҳбарони ин кишварҳо низ даъвои интихоботҳои демократӣ доранд, аммо дар асл рақобати воқеии сиёсӣ бисёр кам ба назар мерасад.
Ёфтҳои бештар