Акнун дар даромадгоҳи шаҳри Конибодом дар вилояти Суғд низомиён намеистанд ва ҳуҷҷати ронандагону мусофиронро ҳам намепурсанд. Дидбонгоҳеро, ки ду сол пеш дар пайи кушторҳои пайиҳами аъзои чанд оила дар Конибодом ташкил шуда буд, бардоштаанд.
Дар Словакия дархости паноҳандагии як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба амнияти миллии он кишвар "хатарнок" тавсиф мешавад, рад кардаанд.
Бо наздик шудани соли нави таҳсил муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Русия дар баробари интихоби сахте мондаанд. Ё бояд фарзандони худро ба Русия баранд, ки қоидаҳои имтиҳони забони русиро сахттар кардааст ё онҳоро дар ватан дар назди хешовандон бигузоранд.
Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон рӯзи 28-уми июл дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе ин тасмимро ба гуё рушди иқтисоди ҷумҳурӣ ва меъёри созмонҳои молии ҷаҳонӣ пайванд дод.
Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ вазъи расонаҳоро дар шароити имрӯза "муташанниҷ" номида, гуфт, солҳои охир дар кишвар "худсензура зиёд шудааст".
Артиши Амрико пас аз таваққуфи наздик ба як ҳафта, ва дар пайи ҳамлаҳои мушакии Эрон ба пойгоҳҳои амрикоӣ дар Урдун, ҳамлаҳои наверо алайҳи Эрон анҷом додааст.
Вакилони мардумӣ аз ду ҳизби аслии Амрико рӯзи 28-уми июл ба тарҳи санаде раъй доданд, ки ҳадафи он маҳрум кардани Русия аз сарчашмаҳои молии хароҷот барои ҷанг дар Украина аст.
Норӯшанӣ дар бораи ояндаи тангӣ ё гулӯгоҳи Ҳурмуз ва амнияти минтақаӣ боис гаштааст, ки ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ба оромӣ пешбиниҳои стратегии чанд даҳаи гузаштаро дар бораи тиҷорату пайвастан ба роҳҳои байнулмилалӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ бознигарӣ кунанд.
Соҳибони калонтарин бозори масолеҳи сохтмон дар шаҳри Хуҷанд, машҳур ба "Ҷумъабозор", шикоят доранд, ки мулки онҳо бо роҳи, ба гуфтаашон, "ғасби рейдерӣ" ба дасти касони дигар мегузарад.
Сиёвуш Ҷунайдӣ, шоири навгӯи адабиёти тоҷик, пас аз муҳоҷирати тӯлонӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон бозгашт. Ӯ дар 30-солагӣ, дар рӯзҳои ҷанги хонагии тоҷикон, аз кишвар рафта буд. Акнун 63-сола аст.
“Дадаҷон, зодрӯз муборак. Худоё, соли оянда дар хона бошед.” Ин паёми Шаҳноз, духтари калонии Далери Имомалӣ, ба падараш дар зиндон аст. Рӯзноманигор ва блогери зиндонии тоҷик, Далери Имомалӣ, рӯзи 28-уми июл 38-сола шуд.
Ёфтҳои бештар