Арабистони Саудӣ, Покистон ва Туркия рӯзи ҷумъаи 7 август як созишномаи дифоии муштаракро дар шаҳри Макка имзо карданд, созишномае, ки ҳадафи он тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ ва боздорандагии дастаҷамъӣ миёни се кишвар унвон шудааст.
"Гуфтанд, аз пешонияш захм бардоштааст ва устухони паси гарданаш низ кафидааст. Коғазаш дар инҷо ҳаст." Ин нақли Сайиднисо Қосимова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар бораи писари 34-солааш, Аюбҷон Неъматов, аст. Мақомот ӯро баъди як занонзании гурӯҳӣ дастгир кардаанд.
"Мо ба самти бӯй қадам мезанем. Шояд дар роҳ касеро ёбем. Аз ин ҷо... бӯйи ҷасад меояд." Олексий Юков зиндагии худро ба пайдо ва шиносоӣ кардани ҷасади сарбозони ҷонбохта дар вилояти Донетски Украина бахшида буд.
Дар як соли охир дар Русия ҷазо додани муҳоҷирону камшуморон ё ақаллиятҳои миллӣ барои адои намоз дар кӯча ва суҳбат дар бораи арзишҳои динӣ дар маконҳои умумӣ ё хусусӣ зиёдтар шудааст. Аз ҷумла, ду ҷавони тоҷикро ҳам барои ин кор ҷаримаҳои калоне баста, аз Русия ронданд.
Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар остонаи озмоиши як долони икмолотӣ ё боркашонӣ қарор доранд, ки созишномаи он 16-уми июл дар шаҳри Машҳади Эрон ба имзо расид. Интизор меравад, аввалин корвон то поёни моҳи август аз ин долон гузарад.
Мақомоти Украина рӯзи чоруми август бо нашри наворе гуфтанд, ки як ҳавопаймои бесарнишин (дрон, паҳпод)-и Русия мардеро дар бозори вилояти Херсон таъқиб карда, ба ӯ зарба задааст.
"Аз сари эҳсос аз алфози қабеҳ истифода кардам. Аз ин рӯ… самимона узр мехоҳам, агар ба иззати нафси онҳо расида бошам." Ин ба истилоҳ "тавбанома"-и яке аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аст.
Ҷей Ди Венс, муовини раисҷумҳури Амрико, рӯзи 5-уми август гуфт, музокирот барои даст ёфтан ба созиш бо Эрон "печида ва пурчолиш" хоҳад буд ва ба вақт ниёз дорад.
Бо амиқрафти ҷанги Русия бо Украина ва тақвияти ҳамкории Маскаву Чин, Эрон ва Кореяи Шимолӣ, Вашингтон роҳҳои муассири фишорро ба Кремл баррасӣ дорад.
Мақомоти Тоҷикистон аз ҳамтоёни худ дар Австрия хостаанд, ки модари Шавкати Муҳаммад (Шавкатҷон Шарифов), сухангӯйи Паймони миллӣ, як созмони мухолифи ҳукуматро ба Душанбе таслим кунад. Шарофат Шарифова 77-сола аст ва аз соли 2022 дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор дорад.
Ёфтҳои бештар