Тобистон ва тирамоҳи соли 1992 шаҳри Қӯрғонтеппа маркази ҷанги шаҳрвандӣ буд. Сокинони онро дар он рӯзҳо ҳар лаҳза марг таҳдид мекард. Ҳама дар фикри наҷоти ҷони худу наздиконашон буданд.
Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди мухолифини тоҷик, гуфт, ки нахустин санади сулҳ дар авҷи даргириҳои дохилӣ дар ноҳияи Ғарми собиқ имзо шуда буд.