Савумин ва охирин мунозираи интихоботии Ҳиллари Клинтон ва Доналд Трамп - ду номзади аслии интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико дар Лас-Вегас баргузор шуд.
Мунозираи дувум ва доғи номзадҳои интихоботи Амрико бо суҳбати ҷанҷолбарангези Доналд Трамп дар бораи занон оғоз ёфт ва бо баҳсҳо дар бораи Сурия ва исломҳаросӣ поён пазируфт. Дар ин баҳс Ҳилларӣ Клинтон ва Доналд Трамп алайҳи якдигар изҳороти тунд доданд.
Доналд Трамп – номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ – дар пайи интишори навори ҷанҷолбарангези 11 соли пешаш дар бораи занон гуфт, ки ба ҳеҷ ваҷҳ аз идомаи рақобат барои дарёфти курсии президенти Амрико даст кашиданӣ нест.
Чандин рӯзномаи маъруфи амрикоӣ, ки солҳо боз пуштибони Ҳизби ҷумҳурихоҳ дониста мешуданд, дар як иқдоми бесобиқа тасдиқ карданд, ки Ҳилларӣ Клинтон – номзади Ҳизби демократ дар интихоботи президентии Иёлоти Муттаҳида – аз Доналд Трамп бартарӣ дорад.
Ҳилларӣ Клинтон ва Доналд Трамп - номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико - дар як мунозираи доғи телевизионӣ дар бораи иқтисод ва сиёсати хориҷӣ баҳс карданд. Ин мунозира ба ҳадде доғ шуд, ки рақибон гоҳо сухани ҳамро бурида, якдигарро башиддат танқид мекарданд.
Ҳилларӣ Клинтон нахустин зани номзад ба мақоми раисиҷумҳури ИМА аз ҳизби демократ шуд.
Ҳизби демократи ИМА аз Бернӣ Сандерс барои баъзе “аъмоли нобахшиданӣ” алайҳи ӯ дар ҷараёни праймериз - интихоботи муқаддамотии довталабони ширкат дар интихоботи президентии ИМА маъзарат хост.
Доналд Трамп ба таври расмӣ номзад ба мақоми президенти Иёлоти Муттаҳида аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ эълон шуд. Вай дар вокуниш дар саҳифаи Твиттераш навишт, ки "ман сахт кор мекунам ва Шуморо ноумед нахоҳам кард".