Ҷанг дар Украина муносибати Маскавро бо Осиёи Марказӣ тағйир дод? Дар сурати шикасти Русия, Тоҷикистон ва ҳамсояҳояшро чӣ интизор аст? Фоида ва таҳдиди бештар аз кӣ мерасад: Аз Кремл ва ё аз Ғарб?
Шоир Ҷӯра Ҳошимӣ, барандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ, мегӯяд, адабиёти бачаҳо бояд аз сиёсат ва маҳдудият орӣ бошад. “Дар мавзӯи Модару Ватан менависам. Бидуни ин номумкин аст. Дар бораи ҳукуматдорон шеър навиштан ба хотирам наомадааст,” -- гуфт ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Нобовар Чаноров, овозхони маъруфи тоҷик, мегӯяд, эҷоди оҳангҳои нав дар Тоҷикистон кам шуда, бозхонии таронаҳои пешина афзудааст. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин ва мушкилоти дигари ҳунармандонро номбар кард.
Паҳлавони маъруф ва мураббии варзидаи гуштини самбо Муҳаммадшариф Сулаймонов рӯзи 1-уми январ 70-сола шуд. Дар бештар аз сӣ сол шогирдони зиёдеро ба воя расонидааст. Ду нафари онҳо – Хушқадам Хусравов соли 2018 ва Акмалиддин Каримов соли 2021 – ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф гаштанд.
Гулрухсори Сафӣ (Гулрухсор Сафиева), шоири маъруфи тоҷик ва вакили пешини Иттиҳоди Шӯравӣ, ба синни 75 расид. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз ӯ дар бораи зиндагияш, хонавода ва сиёсату иҷтимоъ пурсиданд. Посухи аввалаш дар бораи умр буд ва ҳафтоду панҷ соли гузашта.
Сафари Мэри Лолор, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба поён расид. Ин сафар дар шароите сурат гирифт, ки 7 рӯзноманигору блогер боздошт шуданд ва нигарониҳо аз маҳдуд шудани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон зиёд аст.
Маъмурияти дипломатии Ҷон Марк Поммершайм дар мақоми сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон баъди наздики чор соли коораш ба охир мерасад.
Сафар Абдуллоҳ, донишманди тоҷики муқими Қазоқистон, пас аз як бемории тӯлонӣ ба кор баргашт. Ӯ дар шаҳри Алмато зиндагӣ мекунад ва устоди Донишгоҳи равобити байнулмилал ва забонҳои хориҷии Қазоқистон аст. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳангоми сафар ба Алмато бо Сафар Абдуллоҳ суҳбат карданд.
Раҳбарони Созмони Кишварҳои Туркзабон чӣ гуфтанд? Бе Русия ва Тоҷикистон. Нақши Чин чӣ хоҳад буд? Агар Эрдуғон набошад, созмон хоҳад монд ё..?
Ду моҳ пеш дар Қазоқистон Маркази ҷумҳуриявии фарҳангӣ ва этникии тоҷикон таъсис ёфт. Масъулонаш мегӯянд, созмон кори тақрибан сад ҳазор тоҷики муқими он кишварро танзим мекунад.
Абдулҳамид Қаюмов, донишманди тоҷик, ки солҳои дароз вазъи пиряхҳоро дар Тоҷикистону хориҷа таҳқиқ кардааст, мегӯяд, ҳавзҳо дар болои пиряхҳо зиёд шудаанд, ки пайомади хуб надорад. Ӯ чанде пеш феҳрасти нави пиряхҳои кишварро таҳия кард.
Чӣ қадар аз нерӯҳои пойгоҳи 201 ба ҷанг дар Украина рафтаанд? Оё шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар сафи нерӯҳои Русия меҷанганд? Вазъи ҳозира ва ояндаи ҳамкориҳои Душанбе ва Киев чӣ гуна аст? Ба ин ва суолҳои дигар сафири нави Украина дар Тоҷикистон, Виктор Евдокимов, рӯзи 13-уми октябр посух дод.
Ёфтҳои бештар