Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, гуфт, кишвараш дар баробари “Толибон” шикаст нахӯрда, балки “дар як созиши пинҳонӣ ба ин гуруҳ таслим карда шуд”.
Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон, рӯзи 1- уми август 70-сола шуд. Ӯ аз ҷумлаи сиёсатмадоронест, ки дар авҷи рӯёрӯиҳои солҳои навадум ба ин маснад расид ва ҳамзамон муддате иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ буд.
Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд баррасии парвандаи 18 нафарро бо иттиҳоми пайравӣ аз ҳаракати “Салафия”, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, шурӯъ кардааст.
Тоҷикистону Узбекистон, ки солҳо муносибати сард доштанду ҳамкориҳо дар бисёре аз бахшҳо қатъ шуда буд, панҷ сол боз аз дӯстӣ ва ҳамкории бештар мегӯянд.
Як коргардони тоҷик фоҷиаи Ҳувайдо Тиллозодаи панҷсоларо, ки соли 2018 дар Русия кушта шуд, дар филми тасвирӣ ҷой додааст. Лолисанам Улуғова мегӯяд, аз ҳодиса дертар хабардор шуд, вале ҳеч гоҳ аз гӯшаи хотираш зудуда натавонист.
Вакилони порлумони Тоҷикистон рӯзи 26-уми май розӣ шуданд, ки амволи "Тоҷиксодиротбонк"-у "Агроинвестбонк" фурӯхта ва қарзи ду бонк дар назди давлат баргардонда шавад, аммо дар бораи амонати мардум чизе нагуфтанд.
Манижа Сангин, овозхони зодаи Тоҷикистон, ки дар озмуни "Евровидение" аз Русия намояндагӣ мекунад, ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфт.
Нур Табаров, вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон, ки номаш дар ҳодисаҳои баҳманмоҳи хунин гиреҳ хӯрда буд, баъд аз тақрибан сӣ сол узр пурсиданашро аз Ҳизби коммунисти Шӯравӣ "талаботи замон" донист, аммо гуфт, аслан ҳоҷати чунин узрхоҳӣ набудааст.
Аз муноқишаи хунин дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан ду ҳафта сипарӣ шуд ва ҳоло оромӣ дар марз ҳукмфармост. Вале баҳсҳои доғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи пайомадҳои муноқиша ва сабабҳои он идома дорад, ки ҷанг бо айби кӣ сар зад.
Фиристодаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон гуфт, ки агар Толибон бо зӯр ҳукуматро бигиранд, Иёлоти Муттаҳида онро намепазирад ва дар канори ҳукумати Кобул хоҳад истод.
Рӯзи 3-юми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии озодии баён ё як ҳаққи бунёдии инсон таҷлил мешавад. Созмонҳои зиёде солҳои охир мегӯянд, дар Тоҷикистон мардум аз ин ҳаққи худ маҳруманд ва ё ҳукумат ин ҳаққи онҳоро маҳдуд кардааст ва ё риоят намекунад.
Ҷӯрабек Набиев, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, мегӯяд, ҳукумати вилояти Суғд қарори таҷлил аз 80-солагии ӯро қабул карда, вале ба далели бемории ҳамагир ҳанӯз санаву маҳалли баргузории онро дақиқ нанамудааст.
Ёфтҳои бештар