Пешдастии Владимир Путин дар интихоботи президентии Русия
Ходимони роҳи оҳан ва мусофирони мунтазири қатора як зани мастро дар охирин лаҳза аз зери чархи қатори роҳи оҳани истгоҳи Викторияи шаҳри Мелбурни Австралия берун кашиданд.
Муқимҷон Абдуфаттоев – раҳбари театр-студияи “Хандинкамон”, мудири театри ба номи Пушкин дар шаҳри Бӯстон ва ҳаҷвнигори шинохта – гӯё қаҳрамони як навори фаҳшо будани худро рад кард.
Дар Тоҷикистон ҳудуди 8000 фарди нобинову хирабин ба сар мебаранд, вале аксари онҳо шуғле надоранд ва дастнигари наздиконашон ҳастанд.
Дар Вашингтон занозании тарафдорон ва мухолифини президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон бо ҷароҳат ва боздошти чанд тан ба поён расид
Дар чорчӯби як лоиҳаи махсуси Радиои Озодӣ собиқ раҳбари Литва Витаутас Ландсбергис солҳои навадуми қарни гузашта-замони мубориза барои истиқлол, ва таҳдидҳои муосир ба кишварҳои минтақаро ба хотир меорад.
Садриддини Наҷмиддин, овозхони маъруфи тоҷик мегӯяд, ки ба “иллатҳои техникӣ” натавонист консерти хайриявии худро имсол баргузор кунад ва ин орзуро ба соли 2016 мебарад.
Тобистони соли 2015 Радиои Озодӣ роҳи душвори ҳиҷрати оилаи ҷавон аз Сурия-Саид ва Амираро, пайгирӣ кард. Онҳо тавассути нимҷазираи Балкан ба Австрия расида, имрӯз меҳмони як барон ё худ ашрофзодаи аврупоӣ ҳастанд.
Муштзани маъруфи тоҷик, Мавзуна Чориева мегӯяд, аз садҳо ваъдае, ки сарпарастон ё ширкатҳои Тоҷикистон то баргузории Бозиҳои олимпӣ ба ӯ дода буданд, яке ҳам иҷро нашуд.
Оҳангсози тоҷики муқими Амрико Алишер Латифзода устоди фанни оҳангсозӣ дар Академияи мусиқии шаҳри Сан-Франсиско таъйин шуд. Дар 53 соли умраш, Латифзода садҳо асар эҷод карда, 11 соли охир дар Амрико кору эҷод мекунад.
Имрӯз ҳоҷӣ Ғолиб мубориза бо гурӯҳи “давлати исломӣ” ё худ “Доиш” дар манотиқи шарқии Афғонистонро сарварӣ мекунад. Ҳоҷӣ Ғолиб, ки чор солро дар маҳбаси пойгоҳи амрикоии Гуантанамо сипарӣ кардааст, яке аз дӯстони наздиктарини даврони маҳбусиашро душмани ашаддии худ мешуморад.
Хирсе бо номи Мария, ки дар кӯчаҳои Душанбе мардумро хушҳол мекард, ҳоло дар боғи ҳайвоноти пойтахти Тоҷикистон ба сар мебарад.
Ёфтҳои бештар