Консулгарии Узбекистон дар Туркия хабар додааст, ки наҷотдиҳандагон се шаҳрванди кишварашро аз зери харобаҳо зинда берун оварданд. Тибқи иттилои манбаъ, аз зери харобаҳо Бойбеков Рашид, Акрамҷон Ҳошимов ва Шотирбекова Асал берун оварда шудааст.
Мақомоти вилояти Оқтеппаи Қазоқистон мегӯянд, даҳҳо шаҳрванди Узбекистонро, ки дар ду автобус ба далели боридани барфи зиёд дар роҳ дармонда буданд, ба ҷои амн интиқол додаанд.
Боришоти шадиди барф субҳи имрӯз, ҳаракати мошинҳо дар бархе аз роҳҳои Тоҷикистонро мушкил кард. Ширкати IRS, ки масъули нигоҳубини ягона роҳи пулакӣ дар кишвар аст субҳи имрӯз эълон кард, ки ҳаракати мошинҳои боркаш аз ҷумла “Фура” дар роҳи Душанбе – Хуҷанд муваққатан манъ шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мегӯяд, ба офат дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон вокуниши фаврӣ нишон додааст.
Як сокини рустои Кадучӣ дар ноҳияи Восеъ бо ирсоли ин видео гуфт, ки оби рӯдхонаи Сурхоб аз маҷрояш берун омада ба ин русто таҳдид мекунад. Ба гуфтаи ӯ, агар саривақт соҳилро мустаҳкам накунанд, мумкин аст, хонаҳои мардум вайрон шавад.
Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, расондани хӯроквориро ба ду ҷамоати дурдасти ноҳияи Рӯшон, ки сел роҳи онҳоро шустааст, бо истифода аз чархболҳо анҷом диҳад.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳаҷми зарари ворида аз офатҳои табиӣ як моҳи ахир дар шарқи кишварро беш аз 600 миллион сомонӣ эълон кард.