Як сокини рустои Кадучӣ дар ноҳияи Восеъ бо ирсоли ин видео гуфт, ки оби рӯдхонаи Сурхоб аз маҷрояш берун омада ба ин русто таҳдид мекунад. Ба гуфтаи ӯ, агар саривақт соҳилро мустаҳкам накунанд, мумкин аст, хонаҳои мардум вайрон шавад.
Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, расондани хӯроквориро ба ду ҷамоати дурдасти ноҳияи Рӯшон, ки сел роҳи онҳоро шустааст, бо истифода аз чархболҳо анҷом диҳад.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳаҷми зарари ворида аз офатҳои табиӣ як моҳи ахир дар шарқи кишварро беш аз 600 миллион сомонӣ эълон кард.