Арабистони Саудӣ аз ташкили эътилофи кишварҳои исломие хабар дод, ки ҳадафи он мубориза бо терроризм аст. Мақомоти Саудӣ рӯзи 15-уми декабр гуфтанд, ҳадафи ташкили эътилоф муҳофизати кишварҳои исломӣ аз шарри гурӯҳҳои террористӣ аст, ки мехоҳанд, бо ҳар номе мардумони бегуноҳро аз байн бубаранд.