Вазорати адлияи Русия феҳрасти расонаҳои хабариеро нашр кард, ки ба онҳо мақоми «агенти хориҷӣ» насб шудааст. Ба ин феҳраст аз ҷумла Садои Амрико, Радиои Озодӣ ва барномаҳои вижаи Радиои Озодӣ шомил шуданд. Ин феҳраст дар асоси қонуне тартиб дода шуд, ки моҳи ноябр дар Русия қабул гардид.