Мақомоти Эрон дастикам нуҳ пайрави оини баҳоиро боздошт кардаанд. Дар ин бора Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш хабар додааст. Ба қавли манбаъ, дар рӯзҳои ахир мақомоти эронӣ манзили 20 пайрави дини баҳоиро дар ғарби ин кишвар, дар Ҳамадон кофтукоб кардаанд.