Шерхон Салимзода, раҳбари нави Оҷонсии зидди маводи мухаддир дар бораи кори панҷсолааш дар Додситонии кулл суҳбат кардан нахост, аммо гуфт, ки мубориза бо нашъамандиро сахттар хоҳад кард.
Дар ҳафтаҳои охир васвасаи харидфурӯши сангҳои варзишӣ Тоҷикистонро фаро гирифтааст. Бархе мегӯянд, ки як навъи нодири чунин сангҳои чӯянӣ то 50 000 сомонӣ нарх дорад.
Дар ҳоле ки сокинон се рӯз боз дар бораи чораҳои шадиди амниятии рӯзи якшанбе суҳбат мекунанд, мақомот мегӯянд, ки ҷои нигаронӣ надорад ва ҳадаф аз он танҳо санҷиши нерӯи ҳайати шахсӣ буд.
Дар ҳоле ки ваъдаи соли гузаштаи Эмомалӣ Раҳмон барои боло бурдани маошу нафақаи сокинон иҷро нашудааст, бархе аз аъзои баландпояи ҳукумат мегӯянд, ки ин дафъа ваъдаи ӯ қатъист.
Як мақоми Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, ки Душанбе барои кайк пӯстинро намесӯзонад ва ҳоло аз лағви таҳримҳои Эрон аз сӯи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо истиқбол мекунад.
Бархе аз таҳлилгарон эҳтимоли тағйироти кадрӣ дар ниҳодҳои низомӣ ва қудратии кишварро дар ҷаласаи солонаи ҳукумат истисно намедонанд.
Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар як соли охир дар Тоҷикистон ҳукумат сиёсати худро дар баробари мухолифонаш шадидтар карда ва талошҳоро барои назорати комил бар ҷомеа афзоиш додааст.
Донишмандон мегӯянд, ки тариқаи хоб рафтан, мумкин аст ба шеваи фаъолияти мағзи сар таъсир бигузорад. Зеро шеваи кор кардани асаб имкон дорад бо ҳолати бадан вобастагӣ дошта бошад.
Мақомоти Суғд дар соле, ки мегузарад, беш аз 150 сокини ин вилоятро ба ҷурми узвият дар гурӯҳҳои ифротӣ ва ҷалби сокинон ба "ҷиҳод" боздошт карда, 200 нафари дигарро таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд.
Раиси вилояти Суғд пешниҳод кардааст, ки сокинон ҷашни Соли навро дар муҳити хонавода ва дар манзилҳои худ истиқбол бигиранд. Ӯ гуфтааст, ки дар корхонаву муассисаҳо оростани зиёфатҳои солинавӣ мумкин нест.
Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия пешниҳод кард, ки кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар додугирифтҳояшон аз доллар даст кашанд.
"Пешвои миллат" на унвон, балки мақоме хоҳад буд, ки раиси ҷумҳури феълӣ Эмомалӣ Раҳмонро пас аз анҷоми ваколати президентӣ дар умури давлатдорӣ фаъол нигаҳ медорад.
Ёфтҳои бештар