Заминларзаи шаби 21-уми март боис ба ҳалокати камаш 13 нафар дар Афғонистону Покистон ва захмӣ шудани даҳҳо нафари дигар шуд. Дар Тоҷикистон одамон хонаҳоро тарк карда, чанд соат дар берун монданд. Вокуниши мардум баҳсро дар атрофи заминларза доғ кард. Чӣ гуна?
Танқиди як намояндаи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон аз кори рӯзноманигорон ҳангоми бозтоби муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон баъзе вокунишҳоеро ба миён овард.
Солҳои пеш асосан дар ростои интихобот матбуот ва журналистон зери фишор меафтоданд. То интихобот ҳоло вақт зиёд аст, вале озодии баён дар расонаҳо то рафт тангтар мешавад ва ҳабсу ба солҳои зиёд маҳкум кардани хабарнигорони озод идома дорад.
Аз ҳамлаи Русия ба Украина беш аз як сол гузашт. Бо вуҷуди хатари ба ҷабҳаҳои ҷанг сафарбар кардан, тамоюли тоҷикистониҳо барои дарёфти кор ва шаҳрвандии Русия кам нашудааст. Чӣ омилҳо онҳоро маҷбур мекунад, ки ҳатто дар чунин шароите дар талоши ба даст овардани шаҳрвандии Русия бошанд?
Оё дар ҳақиқат зани тоҷик “паршикаста”-ву “мушти пар” аст? Оё “Фариштамоҳи зебову доно” низ дорем? Чӣ гуна маърифати зани тоҷик бар зулму ҷаҳолат пирӯз гашт? Муаммои “макри зан” ба чӣ маъност ва кӣ сазовори ҳамсарӣ бо зани тоҷик аст? Чаро агар ҷавонони тоҷик бесавод монанд, аз зан маҳрум мешаванд?
Як табиби тоҷик гуфт, ки “Худоро дидааст” ва рӯзноманигор Абдуқодири Абдуқаҳҳор эълон кард, ки ойини зардуштиро дар Тоҷикистон эҳё мекунад. Ҳарду зери борони таҳқиру таҳдид монданд. Аввалиро мақомот дастгир карданд. Ин баҳс мавзӯи таҳаммулгароиро дар Тоҷикистон дигарбора доғ кард.
Тоҷикон Сталинро барои бераҳмиҳояш нисбат ба пешвоёни саркӯбшудаи худ, ки бештарашон то охирин нафас сталингаро моданд, бахшиданд.
Чин мегӯяд, дар соли 2022 ба Тоҷикистон ба ду миллиарду 217 миллион доллар бор фиристод. Ин рақам нисбат ба маълумоти расмии Тоҷикистон як миллиарду 375 миллион доллар зиёд аст.
"Фақат як савол иҷоза аст." Шарти Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, ба хабарнигорон.
Тоҷикистон аз хати ҷанг чанд ҳазор километр дур буд, аммо пойи "абвер" то ҷумҳурии мо низ расид. Бино ба гузориши муовини раиси НКГБ ҶШС-и Тоҷикистон аз 8-уми сентябри соли 1945, барои гузаштан ба тарафи Олмон 20 нафар ва барои ҷосусӣ ба нафъи ин кишвар 29 каси дигар ҳабс шуданд.
Задухӯрди хунини Артиши Олмон (вермахт) бо Артиши Сурх дар тобистон ва тирамоҳи соли 1941 нақшаи ҳамлаи барқосои стратегҳои Гитлерро барбод дод. Аз ин рӯ, тасмим гирифтанд, аз қартаи ҷудоӣ андохтан миёни мардуми Шӯравӣ кор бигиранд.
Ин оморро Радиои Озодӣ дар як санади расмии Хадамоти гумруки Тоҷикистон ёфт. Бар он, Тоҷикистон давоми сол ба Афғонистон тақрибан 1,7 миллиард киловат соат барқ додааст. Ҳар киловат соат бо нархи миёнаи 4,3-сентӣ.
Ёфтҳои бештар