Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар садама ё тасодуфи нақлиётӣ дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ҷон бохтааст.
Мақомот мегӯянд, таҳқиқ нишон додааст, ки марзбони 19-сола Одилҷон Исломзода зери мошини борбари “Дулан” монда, бар асари захмҳои бардоштааш дар шифохона ҷон додааст.
Як гурӯҳ аз сокинони ноҳияи Балҷувонро бо гумони оташ задани ҳуҷраи хоби додситон Мурод Муқимзода боздошт кардаанд. Дар ҳоле ки мақомот шарҳ намедиҳанд, ду манбаи Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои интизомии вилояти Хатлон гуфтанд, “ин гурӯҳ аз ҳашт нафар иборат аст”.
Мурод Муқимзода, ки ҳамагӣ як сол пеш додситони ноҳияи Балҷувон (вилояти Хатлон) таъйин шуда буд, аз мансаб барканор гардидааст. Ин тасмим дар моҳи майи имсол эълон шуда, баъзе ҷузъиёташ 3-юми июн дастраси Радиои Озодӣ гардид.
Додгоҳи олии Тоҷикистон ба муҳокимаи шаш маъмури милиса оғоз кардааст. Ҳамаи онҳо кормандони Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Сино буда, дар марги боздоштшуда Мақсудҷон Саидов гумонзад ҳастанд. Назари худи онҳо ё вакилони мудофеашон то ин дам маълум нест.
Ёфтҳои бештар