Рӯзи 13-уми феврал як созмони нозири ҳуқуқи башар дар Сурия хабар дод, ки дар вилояти Идлиби ин кишвар камаш 400 силоҳбадасти гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" худро ба мухолифини ҳукумати Башор Асад таслим намуданд.
Гумонбар дар ҳамлаи хунин бо мошини борбар дар моҳи апрели соли 2017 дар Шветсия, дар рӯзи аввали мурофиа дар додгоҳи Стокҳолм ба гуноҳи худ эътироф кард.
Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, бо вуҷуди шикасти гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқ, Сурия ва Ҷануби Филиппин, ин гурӯҳ ҳамчунон "таҳдиде муҳим дар ҳоли таҳаввул" барои ҷаҳон аст.
Як пажӯҳише дар Тоҷикистон нишон додааст, ки аз миёни садҳо зани тоҷик, ки ба Сурияву Ироқ рафтаанд, аксарияташон бо ҳидояти шавҳаронашон ба ифротгароӣ рӯ оварда ва ба сафи гурӯҳи Давлати исломӣ пайвастаанд.
Волидайни як сокини 18-солаи шаҳри Кӯлоб аз мақомот хостаанд, фарзандашонро аз сафи ҷангиёни ДИИШ дар Нангарҳори Афғонистон ба ватан баргардонанд.
Ҷасади бесоҳиби нимапӯсида дар як кӯчаи шаҳри Мавсили Ироқро рӯзи 11-уми январ хабарнигори "Франс Пресс" дид. Шояд ҷасади кадом як ҷангҷӯи тоҷике бошад, ки дар сафи гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ" меҷангид.
Хабаргузории давлатии “Ховар” бо нашри як мақолае дар бораи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ раҳбарони ин ҳизбро ба он муттаҳам кардааст, ки ҷавонони тоҷикро ба ҷангҳои Сурия фиристода ва сабаби рехтани хуни онҳо шудаанд.
Се хоҳари эзадӣ моҳи декабри соли гузашта баъди 3 соли ҷудоӣ дигарбора ба ҳам омаданд.
“Ман дар Ироқам, ҳама хуб аст. Салом бар шумо”. Ин охирин номаи кутоҳи Аҳтам Олимов, сокини 28-солаи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе аз зиндони Ироқ аст.
Бино ба гузоришҳо, иддае аз ҷангҷӯёни хориҷӣ аз ҷумла, тундгароёни тоҷик аз Сурияву Ироқ гурехта ба шимоли Афғонистон ва наздик ба марзи Узбакистону Туркманистон омадаанд.
Додситонии Миср рӯзи 25-уми ноябр эълон кард, ки теъдоди кушташудагон дар пайи ҳамла ба масҷиди сӯфиён дар нимҷазираи Сино ба 305 нафар расид. Аз ин шумор 27 нафар кӯдак будаанд.
Мақомоти Ироқ мегӯянд, як ҷинояти ваҳшатноки гурӯҳи ба ном Давлати исломиро дар шимоли кишвар ошкор кардаанд. Дар шаҳри Ҳавиҷа чанд гӯри дастаҷамъӣ ёфтаанд, ки дар онҳо камаш ҷасади 400 нафарро рӯи ҳам рехтаанд.
Ёфтҳои бештар