Як модари рус дар Тоҷикистон, ки писараш ба Ироқ рафта, бенишон шудааст, мегӯяд, ҳоло ҷабри рафтори фарзанди 25-солаашро мекашад. Татяна Бичкова, сокини ноҳияи Муъминобод, ду сол пеш писарашро гум кард ва садои ӯро охирин дафъа аз Ироқ шунид. Баъд аз ин, ӯ ва писари калониашро аз кор дар ниҳодҳои интизомӣ хориҷ карданд.