Баъди бештар як соли фирор аз Афғонистон, қарор аст, муовини раиси ҷумҳур Абдулрашид Дустум ба ватанаш бозгардад, ки ӯро дар онҷо ба рабудану латӯкуб ва таҷовузи як рақиби сиёсиаш муттаҳам мекунанд.
Як зани узбек, ки бадрафтории маъмурони милиса бо ӯ хашми мардумро барангехт, хостааст, ки ӯро ором бигузоранд, “чун аз таваҷҷӯҳи зиёд безор шудааст”.
Дар ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳри Ҷалолобод воқеъ дар шарқи Афғонистон, ҳадди ақал 19 нафар кушта ва 20 тани дигар захмӣ шудаанд. Аксари қурбониёни ин ҳамла, намояндагони ақаллияти сик ва ҳиндуи Афғонистон мебошанд.
Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон хостааст, ба занони кишвар тамошои мусобиқоти варзишӣ дар майдонҳоро иҷоза бидиҳанд.
Ҳизби ҳокими Арманистон рӯзи 28-уми апрел гуфт, барои фӯру нишондани бузургтарин бӯҳрони сиёсии кишвар дар солҳои ахир номзадеро ба мақоми нахуствазир пешниҳод намекунад. Айни замон Амрико аз тамоми тарафҳои бӯҳрон хост, “бо нияти хайр музокира кунанд.”
Сооронбей Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон, баъди изҳори нобоварии порлумон ба ҳукумати кишвар, рӯзи 19 апрел ҳукумати нахуствазир Сафар Исҳоқовро пароканда кард.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷӣ гуфт, ҳимояти Тоҷикистон аз мавқеи Русия дар қазияи сӯиқасд ба ҷони як ҷосуси собиқи рус дар Бритониёро қадрдонӣ мекунад.
Русия ин амалро иштибоҳ номид ва гуфт, ки ҳатман посухи муносиб медиҳад.
Мақомоти НАТО дар Афғонистон мегӯянд, амалиёти муштараки нерӯҳои паймон ва сарбозони афғон бо ҳадафи аз байн бурдани Толибону манобеи молии онҳо аз ҷануб ба шимол ба марзи Тоҷикистон густариш ёфтааст.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ба Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса гуфтааст, тағйири созишномаи ҳастаӣ миёни Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ кори “оқилона”мебуд, чун шанси боқӣ монданашро зиёд мекунад.
Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон гуфт, тазоҳуроти зиддидавлатӣ, ки “хориҷиён барангехтанд”, шикаст дода шуд.
Ёфтҳои бештар