Арсений Ятсенюк дар иҷлосияи Верховная Рада рӯзи 24 июл истеъфои худро бо пароканда шудани эътилофи “Интихоби аврупоӣ” дар парлумон марбут кард.
Интизор меравад, имрӯз 74 ҷанозаи дигари қурбониёни ҳавопаймои Малайзияро ба Ҳолланд интиқол диҳанд. Дирӯз 40 ҷасади аввал аз Украина ба Ҳолланд (Голландия) оварда шуд.
Дар ҳоле, ки мадорики эҳтимоли даст доштани Русия дар суқути ҳавопаймои “Boeing 777”-и Малайзия дар фазои Украина бештар мешавад, Маскав низ барои ҷилавгирии ҳарчӣ бештар аз бозҷӯии ин қазия талош мекунад.
Сарвазири Ҳолланд мегӯяд, аз маҳалли суқути ҳавопаймо дар шарқи Украина дар бораи мавридҳои яғмогарӣ гузориш шуда, ҳатто дар чанд маврид талош кардаанд, то аз кортҳои бонкии қурбониён пул бикашанд.
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама мегӯяд, далелҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳавопаймои малайзӣ бо мушаки замин-ба-ҳаво аз минтaқаи таҳти назорати ҷудоихоҳони зери ҳимояти Русия суқут дода шудааст.
Таҳримҳои ҷадиди Амрикову Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия ба интииқоди тунде аз сӯи Маскав рӯбарӯ шуд. Ғарб аммо мегӯяд, Русия натавонист барои ҷилавгирӣ аз ташдиди ошӯбҳо дар Украина кори ҷиддие анҷом диҳад.
Амрико бо нашри як маълумотнома Русияро ба таъмини ҷудоиталабони шарқи Украина бо силоҳҳои ҷангӣ, аз ҷумла бо тонкҳову ПЗРК айбдор кард. Киев низ мегӯяд, рӯзи 14 июл ҳавопаймояшро на ҷудоиталабон, балки аз қаламрави Русия суқут додаанд.
Русия бо вуҷуди талошҳои зиёд муваффақ нашуд, ки шариконаш дар Иттиҳоди АвроОсиё - Беларус вва Қазоқистонро ҳам ба "ҷанги тиҷорӣ" алайҳи Украина ҷалб кунад ва ҳоло маҷбур аст, дар ин "ҷабҳа" тани танҳо "биҷангад."
Русия ба 3 кишвари пасошӯравӣ аломат медиҳад, ки қаробати бештари онҳо бо Иттиҳодияи Аврупо беоқибат нахоҳанд монд ва Маскав алайҳи ин се кишвари саркаш "ҷазо"-ҳоеро ба кор хоҳад бурд.
Раисиҷумҳури Украина аз шаҳри Словянск берун кардани ҷангиёнро "нуқтаи чархиш" дар набарди артиши Украина бо ҷудоиталабони тарафдори Русия номид. Ҷудоиталабон аммо мегӯянд, ҳанӯз шикаст нахӯрдаанд.
Русия ҳамчун монополисти фурӯши газ ба Аврупо дар нархгузорӣ ба маҳсулоти худ ҳамаро ба як чашм намебинад. Қимати гази Русия барои давлатҳои камбизоати Аврупои шарқӣ болотар аз нархи ин маҳсулот барои кишварҳои Аврупои ғарбӣ аст.
Ёфтҳои бештар