Дар Хуҷанд бозори мардикоронро баъди куштори муаллими Донишгоҳ аз суи ду мардикор ахиран аз маҳали қисмати марказии шаҳр ба канори он кӯч додаанд. Ин кор ба хотири таъмини бехатарии шаҳвандон ва ҳам таъсиси як бозори мардикорӣ анҷом шудааст.
Як мошини пулис рӯзи 12-уми март дар яке аз кӯчаҳои Душанбе ба садама дучор шуд.
11-уми март - Рӯзи матбуоти тоҷик. Ин сана ба таъсиси аввалин нашрияи тоҷикӣ бо номи "Бухорои шариф" дар соли 1912 ҳамасола ҷашн гирифта мешавад.
Ду бону як рӯз пеш аз 8-уми март дар шаҳри Душанбе.
Қурби асъор дар кӯчаҳои Душанбе. 5-03-2014.
Намоишгоҳ-ярмарка дар Кохи Борбад. Дар ин намоишгоҳ аксаран ширкатҳои саноатии эронӣ молу маҳсулоти худро ба намоиш гузоштаанд. Ҳамчунин маҳсулоти чанде аз ширкатҳои Тоҷикистон дар намоиш буд. Намоишгоҳ аз 4 то 8 март давом мекунад.
Гули сияҳгӯш аз омадани баҳор хабар медиҳад.
Муждаи баҳор. Гули қоқу дар охирин рӯзи зимистон - 28-уми феврал. Шаҳри Душанбе, 28-уми феврал.
Яке пайи дониш, дигаре пайи ризқ. Ҳарду ба як роҳ. Ин акс дар роҳ сӯйи донишгоҳ гирифта шудааст. Яке донишҷӯй дигаре лулизане бо кӯдакаш.
Ин акс рӯзи 27-уми феврал дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе гирифта шудааст. Дохили нақлиёти ҷамъиятӣ дар пагоҳирӯзӣ камодам аст.
Ин акс рӯзи 26 феврал дар яке аз кӯчаҳои Душанбе гирифта шудааст. Одамони бихрад андар ҳар замон Роҳи донишро ба ҳар гуна забон Гирд карданду гиромӣ доштанд, То ба санг андар ҳаме бингоштанд. (Рӯдакӣ)
Ин акс рӯзи 26 феврал дар яке аз кӯчаҳои Душанбе гирифта шудааст. Ин навраси саргарми мутолиа намунае барои дигарон ҳам буда метавонад, ки ба дониш дар ҳар гуна шароит метавон расид.