Вақте ки Гаврило Принтсип эртсгертсоги Франц Фердинанд, вориси тахти австро-маҷорро рӯзи 28-уми июни соли 1914 паронд, кам касе пешгӯӣ карда метавонист, ки ин амали ӯ ба ҷанги бераҳмонаи чаҳорсола мекашад ва дар натиҷаи он се империяи аврупоӣ суқут карда, дар кишваре инқилоб мешавад, ки баъдан ба Иттиҳоди Шӯравӣ табдил меёбад. Дар 100 соли баъд аз он боз як ҷанги ҷаҳонӣ сар зада, Иттиҳоди Шӯравӣ ба авҷи худ расид ва суқут кард, аммо бисёр чизҳо бар марзҳое асос ёфтаанд, ки бо тири сардодаи Принтсип кашида шуданд.