Як эълони осорхонаи миллӣ садҳо сокини Душанберо ба бинои ин макони фарҳангӣ овард. Масъулон мегӯянд, рӯзи якшанбе иҷоза доданд, сокинон бепул вориди осорхона шуда, ёдгориҳои таърихӣ ва нақшу нигорҳоро бубинанд.
Сарвиноз Юсуфӣ, овозхони ҷавони тоҷик, дар сабқати варзишие, ки миёни беш аз бист бонуи овозхон идома дорад, дар ҳоли ҳозир дар сафи пеш будааст. Ин бозӣ аз сӯи ширкати “Positive production” ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ташкил шуда, ҳадафаш “таблиғи тарзи ҳаёти солим” гуфта мешавад.
Файзобод: Ҷустуҷӯи қурбониёни ярч
Шоми 28 март дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия тоҷикон бо як консерти пуршукӯҳ аз Наврӯз таҷлил карданд.
Сафири Русия дар Тоҷикистон аз Душанбе барои ин ки то ҳол ҷанги солҳои 1941-1945-ро ҷанги бузурги ватанӣ медонад, тавсиф кард ва аммо аз кишварҳои дигаре, ки онро ҷанги дувуми ҷаҳонӣ мегӯянд, интиқод намуд.
Дар ин нома пешниҳод шудааст, то Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барҳам дода шавад.
Субҳи 22 март дарвозаҳои боғи Боғи Камоли Хуҷандӣ дар соҳили рӯди Сир ба рӯи сокинони одӣ боз шуд. Рӯзи дуюми таҷлили Наврӯз дар театру боғи Камол бо сайругашти сокинон ва консерту ҳунарнамоии дорбозон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ идома ёфт.
Баъд аз шаш қарни зиндагӣ ва даргузашти Камоли Хуҷандӣ дар ғурбат мақбара ё оромгоҳи ӯ дар зодгоҳаш, дар наздикии дарёи Сир, ифтитоҳ ва аз рӯи муҷассамаи 7-метрааш пардабардорӣ шуд.
Ёфтҳои бештар