11 сол пеш рӯзҳои аввали моҳи сентябр Русия шоҳиди як ҳодисаи бесобиқаи террористӣ шуд. 1 сентябри соли 2004 дар шаҳраки Беслани Осетияи Шимолӣ террористон беш аз ҳазор нафарро гаравгон гирифта онҳоро дар дохили мактаби маҳаллӣ қариб се рӯз нигоҳ доштанд. Гаравгонҳо асосан мактаббача ва хешу наздикони онҳо буданд, ки барои таҷлили рӯзи аввали хониш дар ин мактаб ҷамъ шуда буданд. Ҳукумат аз оғоз дар бораи шумори гаравгонҳо иттилои дурӯғ пахш кард ва ҳар дафъа шумори онҳоро камтар нишон медод. Бӯҳрон гӯё рӯзи 3 сентябр хотима ёфт, вале шеваи ҳалли он фоҷеабор буд. Дар натиҷаи амалиёти нирӯҳои қудратӣ, ки аз ҳама гуна аслиҳаи вазнин истифода карданд, садҳо нафар кушта шуданд. Аксари қурбониҳо кӯдак буданд. Ба ҳангоми таҳқиқи ин ҳодиса тарзи анҷоми амалиёти озодкунии мактаб аз ҷониби сохторҳои қудратӣ комилан нодида гирифта шуд.