Котиби давлатии Амрико субҳи 3 ноябр вориди Душанбе шуд.
Ҳавопаймои Airbus A-321-и ширкати "Когалымавиа", ки рӯзи 31 октябр бо 217 мусофир, аз ҷумла, 17 кӯдак ва 7 сарнишин сӯи шаҳри Санкт-Петербург парвоз мекард, баъд аз 23 дақиқаи тарки фурудгоҳи шаҳри фароғатии Шарм-ул-Шайх дар болои нимҷазираи Синой ба замин сарозер шуд.
Шоми 28 октябр як гурӯҳ аз занони рус дар назди сафорати Тоҷикистон дар Русия ҷамъ омада, ҳамдардии худро ба хонаводаи тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров баён доштанд.
Шоми сешанбе беш аз 50 тоҷики муқими ИМА бо тақозои муҷозоти масъулони марги Умаралии панҷмоҳа дар шаҳри Санкт Петербурги Русия ба самти консулгарии Русия дар Ню Йорк раҳпаймоӣ намуданд.
Рӯзи 27 октябр ҳудуди панҷоҳ тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар назди бинои консулгарии Русия дар Ню-Йорки Амрико бо баргузории ҳамоиши эътирозӣ аз раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин хостаанд, шахсан ба қазияи марги Умаралӣ Назаров расидагӣ кунад.
Як акси раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки соли 2006 дар ҳамоише дар Белорус бо "куртаҳои гулдӯзӣ" гирифтаанд, тавассути китоби Қурмонбек Боқиев дастраси дигарон шуд.
Барфи рӯзи 18 октябр дар баъзе аз минтақаҳои куҳии Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Панҷакент, бархе аз сокинонро ғофилгир кард, ки ҳанӯз алафҳои даравидаашонро ҷамъ нанамуда, ҳосили дарахтонашонро ҳам нагирифтаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни сафараш ба шимоли кишвар роҳи навсозишудаи Айнӣ-Панҷакентро ба истифода дод, ки тӯлаш 112,6 километр аст.
Рӯзи чоршанбе дар пойтахти Тоҷикистон баъди мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорони маҳаллӣ хабарнигорони Радиои Озодӣ бо чанде аз ширкаткунандагони ин вохӯрӣ ҳамсӯҳбат шуда, дар бораи мавзӯъҳои мавриди баҳс ва қаноатмандии онҳо аз мулоқот чанд суол карданд.
Ёфтҳои бештар