Рӯзи 5-уми июл дар натиҷаи сел чандин хона дар рустои Марзич дар ноҳияи Айнӣ осеб дид. Даҳҳо нафар маҷбур шуданд, аз тарси сел дар кӯҳҳо дар ҷойҳои селнорас шабашонро рӯз кунанд.
Бархе аз сокинони пойтахт бо насби “домофон” (doorphone) ё телефонҳои махсус меҳмонҳоро қабл аз вуруд ба дохили бино аз тариқи дурбин дида, бо онҳо гуфтугӯ мекунанд ва баъд аз он тасмим мегиранд, ки иҷозаи вуруд диҳанд, ё на.
Субҳи рӯзи 6 июл садҳо ҳазор пайрави дини мубини Ислом дар масҷидҳои ҷомеи Тоҷикистон намози Иди Фитр ё Рамазонро гузоштанд. Ин бор намози ид ба фарқ аз солҳои гузашта хеле барвақттар - соати 6:30-и субҳ зери чораҳои шадиди амниятӣ баргузор шуд.
Ҷасади Субҳони Саид (Субҳон Саидов), овозхони маъруфи тоҷик ва раҳбари пешини дастаи "Гулшан", рӯзи 5 июл дар оромгоҳи ҷамоати Алмосии ноҳияи Ҳисор ба хок супруда шуд. Вай дишаб дар 56-солагӣ дар Душанбе даргузашт.
Як гурӯҳи бузурги мусалмонони шаҳри Прага ва манотиқи атрофи пойтахти Ҷумҳурии Чех соати шаши субҳи 5 июл намози иди Фитрро дар маркази исломии воқеъ дар кӯчаи Пивоварнитска, ки ҳамчун “масҷиди туркӣ” маъруф аст, баргузор карданд.
Дар Қӯрғонтеппа бо иштироки гулпарварони вилояти Хатлон базми гулҳо баргузор шуд. Баҳром Миров, як масъули Шӯъбаи иттилоот ва таҳлили ҳукумати Хатлон, гуфт, ки ҳадаф аз ин барнома ҷалби мардум барои гулпарварӣ ва тарғиби зебопарастист.
Аксҳои таркиши пурқурбонӣ дар фурудгоҳи Отатурки Истамбул. 28 июни соли 2016
Тантанаҳои асосии 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Хоруғ – маркази Бадахшон баргузор хоҳанд шуд. 19 соли пеш дар Маскав Созишномаи истиқрори сулҳ миёни ҳукумат ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин имзо шуда, ба ҷанги панҷсола хотима гузошта буд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни сафараш ба Тошканд бо Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон мулоқот кардааст.
Ёқуб Салимов, вазири собиқи корҳои дохилӣ, сафири собиқи Тоҷикистон дар Туркия ва аз фармондеҳони пешини Фронти Халқӣ, баъди 13 соли боздошту зиндонӣ шуданаш субҳи барвақти 21 июн озод гардид.
20 июн ба унвони "Рӯзи байналмилалии паноҳҷӯён" шинохта шудааст. Як рӯзе, ки ҷаҳон ба вазъу ҳоли гурезаҳо дар тамоми дунё таваҷҷуҳ карда, барои беҳбуди вазъи онҳо талош хоҳад кард.
Ёфтҳои бештар