Дар натиҷаи садамаи қатор (поезд) дар Ҳиндустон беш аз 100 нафар ҷони худро аз даст доданд. Мақомоти пулиси Уттор-Прадеш, аёлате дар шимоли Ҳиндустон, ки садама субҳи 20 ноябр дар онҷо рух дод, гуфтанд, ки беш аз 150 тани дигар захм бардоштанд.
Минтақаи баландкӯҳи Мурғоб дар баландии беш аз 3600 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, 4 ҳазор аҳолӣ дорад ва 60 дар садашро қирғизҳо ташкил медиҳанд. Ҳаммарзи Чину Қирғизистон аст.
Модари серфарзанд Парвина Саидова ҳанӯз ду соли пеш як зани хонашин ва модари серфарзанде буд, ки рӯзаш бо тарбияи кӯдакони худсолаш мегузашт. Ҳоло ин ҷавонзани 28-солаи тоҷик модели № 1 Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ шудааст.
Деҳаи Порвори ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ Шӯрообод) дар водии Тагноб, дар миёни марзи Тоҷикистону Афғонистон воқеъ буда, ҳудуди 200 хоҷагӣ дорад.
Сокинони Тоҷикистон шаби 14 ноябр "супермун" ё абармоҳро диданд, ки ба қавли онҳо аз моҳи маъмулӣ фарқ дошт. Пажӯҳишгарон низ абармоҳро дар расадхонаи Ҳисор мушоҳида карданд. Донишмандон мегӯянд, дар ин шаб моҳ ба андозаи 28 ҳазор километр ба сайёраи замин наздик шуда, ҳаҷмаш 7 дар сад ва дурахшандагиаш 15 дар сад афзуд.
Дар фосилаи як ҳафта баъди пахши гузориши радиои Озодӣ дар бораи ҳолати риққатбори хонаводаи чӯпоне дар теппаҳои ноҳияи Ҳисор, амаки Зӯҳро Файзуллоева аз Русия ба суроғу кӯмаки ин хонавода шитофт.
Доналд Трамп раиси ҷумҳури 45-уми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико интихоб шуд. Назарсанҷиҳо шикасти Трампро пешгӯӣ мекарданд, вале ӯ интихоботро бурд. Номзади 70-солаи Ҳизби ҷумҳурихоҳ, ки як умр ба тиҷорат машғул буда, ҳеҷ гоҳ дар ниҳоди давлатӣ кор накардааст, акнун ба Кохи Сафед мекӯчад.
Ҳалабе, ки дар гузашта ҳамто надошт ва "пойтахти фарҳанги исломӣ" буд, дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои Сурия ва Русия ба вайронае табдил шудааст.
Маҷрои дарёи Вахш дигар карда шуд ва сохтмони плотина ё садди 335-метрии обанбори нерӯгоҳи барқи обии Роғун расман оғоз гардид. Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 29 октябр гуфтанд, ки дар ин маросим раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, аъзои порлумон ва сафирони кишварҳои хориҷӣ иштирок карданд.
Ёфтҳои бештар