Хабарнигори Радиои Озодӣ ба Ҷумҳурии Сахаи Русия сафар кард, то бо се нафаре сӯҳбат кунад, ки дар зимистони қаҳратуни тоқатфарсои Сибир дар берун кор мекунанд.
Аксҳо аз маросими ифтитоҳи гузаргоҳи "Ҳаштяк - Бекобод", воқеъ дар марзи ноҳияи Спитамени Тоҷикистон ва вилояти Бекободи Узбакистон. Рӯзи 1-уми март
Баъди боз шудани гузаргоҳи "Патар – Андархон" миёни Конибодоми Тоҷикистон ва Бешариқи Узбакистон даҳҳо нафар аз ду тараф ба дидори наздикони худ расидаанд. Ин гузаргоҳ баъди тақрибан даҳ соли баста будан, ду ҳафта пеш ифтитоҳ шуд.
Як зани тоҷик, ки писараш чор соли пеш дар Сурия кушта шуд, ҳоло дар ҳамкорӣ бо мақомот барои бонувони миёнасоли тоҷик анвои либосҳои тавсиявии миллиро тарғиб мекунад.
Ин дастурамал бо ҷалби тарроҳони либосҳои миллӣ таҳия ва бо назардошти хусусиёти миллии либоси бонувон ва бо майл ба намуди аврупоии либос омода шудааст. Аксҳо аз вебсайти оҷонсии расмии "Ховар" бознашр шудааст
Шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, ки ҳафтаи гузашта шоҳиди тахриби девори маъруф бо номи "Девори Каримов" буд, ба сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон, ба Тоҷикистон омода мешавад.
Сохтмони масҷиди бузургтарин дар Тоҷикистон тақрибан ниҳоӣ шудааст. Ин масҷид, ки дар маркази шаҳри Душанбе бунёд мешавад, аз 4 манораи баландиаш 75-метрӣ ва 24 гунбази хурду бузург иборат аст. Аксҳо аз Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон аст.
Дар шаҳри Женеваи Швейтсария рӯзи 8-уми феврал намоишгоҳи наққошиҳои рассомони тоҷик бо номи “Рангҳои Тоҷикистон” ифтитоҳ шуд, ки дар он наздики 50 кори қаламкашҳои тоҷик ба тамошо гузошта шудааст.
Рӯзи 30-юми январ дар Тоҷикистон бори аввал ба таври расмӣ ва дар сатҳи ҳукумат ҷашни Сада таҷлил шуд. Ҷашни Садаро аз қадим 50 рӯз пеш аз фарорасии иди Наврӯз, яъне 30-юми январ, таҷлил мекунанд.
Намози ҷанозаи модари Мирзо Ибронов, маъруф ба Ҳоҷӣ Мирзо, рӯҳонии шинохтаи тоҷик пас аз намози пешин дар масҷиди марказии Душанбе баргузор ва сипас ӯ дар оромгоҳи Сариосиёи пойтахт дафн карда шуд.
Ёфтҳои бештар