Даргириҳо миёни нерӯҳои давлатӣ ва Толибон дар шаҳри Фароҳ -- маркази вилояти Фароҳ воқеъ дар ғарби Афғонистон, аз нимашаби 15-уми май ба ин тараф идома дорад. Ин вилоят ҳудуди 200 километр бо Эрон марзи муштарак дорад.
Тасвирҳо аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо аҳли ҷомеаи кишвар. 12-уми майи 2018, шаҳри Душанбе
Даҳҳо шаҳрванди Қазоқистон рӯзи 10-уми май дар шаҳрҳои Остона ва Алмаато ба тарафдорӣ аз шаҳрвандоне, ки бо ангезаҳои сиёсӣ дар ин кишвар таъқиб мешаванд, бидуни иҷозати мақомот даст ба тазоҳурот заданд.
Роҳпаймоии имсолаи “Полки абадӣ” дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, рӯзи 9-уми май хеле маҳдуд баргузор шуд. Ба фарқ аз солҳои гузашта, ҳукумати пойтахт ба даҳҳо нафар аз иштирокдорони роҳпаймоӣ иҷоза надод, ки акси бобоҳои худ дар даст дар кӯчаву хиёбонҳо қадам зананд.
Баъди ҳафт соли танаффус роҳи оҳани Кӯлоб-Маскав ба фаъолияти худ шурӯъ намуд.
Баъди се соли зиндагии нав дар боғи ҷонварони шаҳри чехии Ҳлубока над Влтавоу, Гул – хирси нохунсафеди тоҷикӣ аз ҳамсари чехиаш Алтай писарча таваллуд кард. Ин нахустин фарзанди хирси тоҷикӣ аст, ки дар шароити Аврупо ва баъди се соли интиқоли Гул аз боғи ҷонварони Душанбе ба Чехия таваллуд шуд.
Ҳавошиносони тоҷик боришоти пайдарпай дар саросари ҷумҳурӣ ва якбора сард шудани ҳаворо ба мавҷи боди атлантикӣ рабт медиҳанд, ки якбора ба Тоҷикистон омад.
Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷикро бегоҳи 17-уми апрел даҳҳо нафар, аз ҷумла падару модар ва писари нуҳмоҳааш Муҳаммад дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе пешвоз гирифтанд. Устопириён пас пирӯзӣ дар Гран-прии ҷудо (дзюдо)-и Антанлия бо медали тилло ба ватан баргашт. Комроншоҳи Устопириён ҳафтаи гузашта дар Гран-прии ҷудо дар Анталия бар ҳамаи рақибонаш пеш аз муҳлат ва бо баҳои баландтарин – иппон - пирӯзӣ ба даст овард.
Ёфтҳои бештар