Рӯзи 5 сентябр дар Душанбе маросими ифтитоҳи нахустин эстакада ё роҳи чандқабатаи мошингузар баргузор шуд.
Гуруҳи беш аз 200-нафарии ҳоҷиёни тоҷик рӯзи 1-уми сентябр аз Арабистони Саудӣ ба Душанбе омад. Мақомоти Кумитаи дин, танзими анъана ва маросими Тоҷикистон гуфтанд, ки бозгашти ҳоҷиён рӯзи 31-уми август шуруъ шуда, то 15-уми сентябр идома хоҳад кард.
Баъди муддати тӯлонӣ, ниҳоят тобистони имсол мақомот иҷоза доданд, ки дар дохили метрои шаҳри Тошканд аксбардорӣ шавад. Хабарнигори РАО/РО аксҳое аз истгоҳҳои маъруфу зебои кошикоришудаи Тошканд бардошт. Метрои пойтахти Узбекистон яке аз қадимтарин роҳҳои зеризаминии нақлиётӣ ба шумор меравад
Дар фурудгоҳи Тошканд президент Эмомалӣ Раҳмонро ҳамтои узбекаш Шавкат Мирзиёев пешвоз гирифт. Аксҳо аз вебсайти президенти Узбекистон
Як қисми бахши яклухтфурӯшии маводи ғизоӣ дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб ба коми оташ рафтааст. Шоҳидон гуфтанд, ки сӯхтор шаби 14-уми август рух дод ва бо ёрии оташнишонҳо хомӯш карда шуд. Феълан дари бозор бастааст ва мақомот касеро ба дохил ворид шудан намемонанд. Онҳо гуфтанд, ки бояд тафтишот ба зудӣ иллати сӯхторро маълум кунад.
Гирифти Моҳ ё зери сояи замин рафтани он соати 23 :24 ба вақти Тоҷикистон сар шуд ва курраи Моҳ зери сояи замин рафт. Дар Душанбе ҳаво абрист ва якбора баъди шуруъи гирифти Моҳ, он зери абр монд.
Ҷасади Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола субҳи 25-уми июл тавассути парвози ширкати "Тоҷик Эйр" аз Маскав ба Душанбе оварда шуд. Ин духтарчаи тоҷик рӯзи 22-уми июл дар назди хонаашон дар шаҳри Серпухово ғайб зад ва ҷасади ӯро субҳи рӯзи 23-уми июл дар як борхалтаи варзишӣ дар наздикии ҳамон маҳал пайдо кардаанд.
Хабарнигори маъруфи бахши Қирғизии Радиои Озодӣ Уланбек Эгизбоев дар 28-солагӣ даргузашт
Академик Раҳим Масов – донишманди маъруф, муаллифи китоби "Таърихи табартақсим" ва собиқ раиси Пажуҳишгоҳи таърих ва бостоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон – бар асари сактаи мағзӣ дар 79-солагӣ даргузашт.
Бар асари омадани сел дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд як қисми низомии Вазорати дифоъ осеб дидааст. Абдусамад Шарифзода, раиси Идораи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Мастчоҳ, рӯзи 15-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, қисми низомии воқеъ дар ҷамоати Бӯстон бар асари омадани сел пури об шудааст.
Ёфтҳои бештар