Бо боло рафтани сатҳи об дар дарёи Дунай, Маҷористон (Венгрия) барои пешгирӣ аз селу обхезии эҳтимолӣ дар ин кишвари аврупоӣ омода мешавад. Сарвазир Виктор Орбан ин вазъро яке аз душвориҳои пешорӯи Маҷористон дониста, ҳамзамон илова кардааст, ки мутахассисону ихтиёриён чӣ кор карданро хуб медонанд.