Як сайёҳи хориҷӣ, ки баъди 20 сол дубора ба Осиёи Марказӣ сафар кардааст, менависад, дар ин қаламрав тақрибан ҳеҷ осоре аз номҳои замони Шӯравӣ намондаву ҷои Ленину Коммунизмро Темури Лангу Сомонӣ ва қаҳрамонҳои дигари миллии ин халқҳо гирифтаанд.
Ҷомеаи хабарнигорони тоҷикро, ки дар як соли охир аз маҳдуд шудани озодии баён сӯҳбату шикоят мекарданд, огоҳии нави Кумитаи забон ва истилоҳот ба ташвиш овардааст. Кумитаи забон ҳушдор дод, ки дар сурати риоя накардани меъёри забони тоҷикӣ хабарнигоронро ҷарима интизор аст.
Бархе аз сокинон мегӯянд, ки хатоҳои дар назари аввал хурду реза, ба мисли сабт шудани ҷинси "мард" ба ҷои "зан" ё тағйир ёфтани ягон ҳарфи ном барояшон дарди сарҳои зиёде овардааст.
Дар ҷашнҳои хусусӣ дар шаҳри Кобул наврасон бо либоси занона ҳунарнамоӣ мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ин идомаи ҳамон анъанаи бачабозист, ки бояд билохира ба он нуқта гузошта шавад.
Фарзонаи Хуршед, овозхони маъруфи тоҷик, мегӯяд, онҳо гаҳворабандони духтарашро якҷоя бо маъракаи хатнасури се наврас баргузор карда, муқобили қонуни танзими анъана нарафтаанд.
Як мақоми баландпояи низомии Русия гуфтааст, ки ҳеч барномае барои бозгашти эҳтимолии марзбонони он кишвар ба сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон рӯи даст нест.
Дар Қазоқистон пешниҳод шуд, ки як контингенти низомии минтақавӣ барои кӯмак дар ҳимояи марзҳои Осиёи Марказӣ таъсис шавад.
Дар Тоҷикистон барои аввалин бор фурӯшгоҳи маҷозӣ ё интернетии маҳсулоти ниёзи шаҳвонӣ - "секс-шоп" ба кор пардохтааст, ки аз ларзонгар (вибраторҳо) то "занони маснӯӣ"-ро пешниҳод мекунад.
Дар Афғонистон тасмим гирифтаанд, ба ҷойи шиносномаи дохилӣ корти ҳуввият ҷорӣ намоянд, ки дар он калимаи афғон навишта нахоҳад шуд. Ва ин масъала баҳсеро дар ҷомеаи ин кишвар ба миён овардааст.
Дар Тоҷикистон барои нахустин бор як ҷавонро барои нашри аксҳои як шабнишинӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ 4000 сомонӣ ҷарима бастаанд.
Корбарони русзабони Интернет бар хилофи матлабҳои дигар дар бораи тоҷикон ин дафъа аз Мунира Мирзоева, “кӯчарӯб”-и зебои Душанбе, ҳимоят карда ва ҳатто ӯро беҳтар аз Волочковаю Собчак донистаанд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз роҳгузарони хиёбонҳои Душанбе пурсид, ки агар як миллион доллар медоштанд, онро барои чӣ коре сарф мекарданд?
Ёфтҳои бештар