Пурсиши Радиои Озодӣ бо ин суол ки “Оё бо духтари чатнишин издивоҷ мекунед ё не?” натиҷаҳои як андоза ғайричашмдошт ба бор овард. Ин пурсиш дар пайи баҳсои тундест, ки рӯзи масъалаи занону духтарони чатнишину Интернетнишин дар шабакаҳои иҷтимоӣ идома дорад.
Хабарнигори Озодӣ барои маълум кардани ҳақиқати ҳоли мардуми талбанда либоси ҷандае ба тану айнаке ба чашм кард ва муддате дар яке аз кӯчаҳои Душанбе ба "гадоӣ" нишаст ва дар 10 дақиқа 30 сомониву 40 дирам ҳам ҷамъ кард.
Як сокини Тоҷикистон барои духтараш, ки бори аввал ба мактаб рафт, бар хилофи дигарон на шириниву лӯхтак, балки саҳифаи интернетӣ ҳадя кардааст.
Ҳунарманди шинохтаи тоҷик Убайдулло Раҷабов дар ҷаласаи шаҳрдории Душанбе пешниҳод кардааст, ки гадоҳоро дар пойтахти Тоҷикистон ҳисобу китоб кунанд ва барои мардуми талбанда дар ҳамаи 4 ноҳияи Душанбе ошхонаоҳи махсуси хайрия ташкил кунанд.
Мақомоти вилояти Хатлон барои боздошти фаъолияти занони “фолбин” камар бастаанд. Рӯҳониёни ин минтақа аз мардум талаб доранд, ки ба пешгӯӣ ва “гарму хунук кардан”-ҳои чунин занон бовар накунанд.
Раиси тозатаъини ширкати «Барқи Тоҷик» мегӯяд, қарзҳои ин ширкат бояд дуруст таҳқиқ шаванд, ки воқеиянд ё қалбакӣ.
Вазорати маориф ва илми кишвар дар вокунише ба матлаби нашрнамудаи Радиои Озодӣ бо номи "Харкафтар бача кард..." дар китоби дарсии синфи 3» корбурди ин зарбулмасалро дуруст номидааст.
Аз байни садҳо изҳори назаре ки дар чанд рӯзи охир дар масъалаи Хоруғ ба дасти Радиои Озодӣ расидааст, ин 5 назарро интихоб кардем, чун ба фарқ аз аксари аҳли баҳс ин 5 нафар талош кардаанд, бидуни эҳсосот ва холисона ҳодисоти ахирро таҳлил кунанд.
Сӯҳбати видеоии як зани танфурӯши тоҷик дар сомонаи Озодӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ сели баҳсҳои хонандагонро барангехт. Бисёриҳо ин занро маҳкум мекунанд, вале бархе мегӯянд, мушкил дар ҷомиа аст, на дар ин зан.
Мақомоти амниятии Қирғизистон ахиран ду духтари қирғиз – Асали 24-сола ва Шоҳинури 17-соларо аз Сурия пас овардаанд. Аммо садҳо ҷангӣ аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон ҳамчунон дар ин кишвари арабӣ боқӣ мемонанд.
Вазири собиқи хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, дар китоби тозанашри худ масъалаи баҳсбарангези заминеро, ки ба Чин дода шуд, ба риштаи таҳлил кашидааст.
27-уми март Амнести Интернешенал ё Афви Байналмиллал гузориши худро дар бораи эъдомҳои соли 2013 чоп кард. Дар ин гузориш номи Тоҷикистон низ оварда шудааст.
Ёфтҳои бештар