Яҳудиён дар Бухоро мегӯянд, шумораашон ҳар рӯз камтар мешавад ва эҳтимол дар оянда мактабу марказҳои динӣ ва фарҳангии онҳо дар Узбекистон ба осорона ё тамошогоҳи таърихӣ бадал шавад.
Як созмон аз ҳукумати Амрико хостааст, барои нақзи озодиҳои динӣ нисбат ба идораҳои давлатӣ ва баъзе аз мансабдорони Тоҷикистон таҳримҳои ҳадафмандона (мақсаднок) ҷорӣ кунад. Бастани ҳисобҳои бонкӣ ва манъи даромадан ба Иёлоти Муттаҳида аз ҷумлаи ин хостаҳост.
Як духтари тоҷик, ки бо бемории саратон мубориза мебарад, утоқаш дар беморхонаи Маскавро ба дукони ҳунармандӣ табдил додааст. Саодат гирифтори саратони хун аст. Ӯ дар беморхона дастмонаву гарданбанд месозаду гулдаста мебофад. Ҳам барои хушҳолии худ ва ҳам барои ба даст овардани пул барои муолиҷа.
Муҳоҷире Қирғизистоние, ки соли гузашта барои кор аз Русия ба минтақаи ишғолшудаи Луҳанск рафтааст, акнун наметавонад ба Маскав ва аз онҷо ба Қирғизистон баргардад. Мақомоти Русия номи ӯро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардаанд.
Мақомоти Узбекистон ҳушдор додаанд, ки ташкили ҳаҷҷи фарзӣ дар салоҳияти оҷонсиҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ нест ва онҳое, ки тавассути ин гуна ширкатҳо ба Арабистони Саудӣ мераванд, ихроҷ карда мешаванд.
Дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон дар натиҷаи оташсӯзӣ дар ҳудуди корхонаи полоиши гази чоҳи Жанажол ҳадди ақал чаҳор коргар ҷароҳат бардоштааст.
Ҳукумати Тоҷикистон тасмим дорад, барои беҳбуди шароити сайёҳӣ 178 млн сомонӣ ё 16 млн доллар ҷудо кунад. Ин маблағ то соли 2030 бояд барои бунёди ошхонаҳои сариророҳӣ, ҳоҷатхонаҳо ва дигар иншооти барои меҳмонон муҳим сарф шавад.
Холиса Шоева рӯзи 28-уми апрел дар суҳбати телефонӣ гуфт, “вақте кӯдак ғам дод, асабам вайрон буд, задам, баъд чӣ.”
Сокинони ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё дар Узбекистон мегӯянд, дар тақрибан шаш соли охир дари баъзе аз мактабҳои тоҷикӣ дигарбора ба рӯйи хонандагон боз шуд, аммо камбуди китоб ҳалли худро наёфт.
Гулсина Муҳитова 70-сола аст ва дар маркази шаҳри Исфара танҳо зиндагӣ мекунад. Вай солҳост, ки сагҳои бесоҳибу бехона ё ба қавли маъруф “дайду”-ро мегираду нигоҳубин мекунад.
"Мо набояд ба қирғизу тоҷик ҷудо шавем. Бояд сулҳомез ба мисли як оила зиндагӣ кунем," – мегӯянд сокинони деҳаи Учқурғон. Бештар аз 30 ҳазор нафари онҳо тоҷик ҳастанд.
Аз танқиди президенти Тоҷикистон дар мавриди суръати сусти интернет тақрибан чаҳор моҳ гузашт, аммо ба гуфтаи баъзе аз мутахассисону вакилони порлумон "вазъ тағйир накард". Шикояти мардуму корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ кам нашуд.
Ёфтҳои бештар